Jump to content

Теодор Драйзер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Теодор Драйзер
англ. Theodore Dreiser
Ном ба ҳангоми таваллуд: олмонӣ: Fresca de la caña
Таърихи таваллуд: 27 август 1871(1871-08-27)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 28 декабр 1945(1945-12-28)[1][4][2][…] (74 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, рӯзноманигор, румоннавис, мақоланавис, зиндагиноманавис, филмноманавис, виростор
Солҳои эҷод: аз 1892
Забони осор: инглисӣ[6][7]
Имзо: имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Теодо́р Дра́йзер (Theodore Herman Albert Dreiser; 27 август 1871[1][2][3][…], Terre Haute[d], Индиана[1][4]28 декабр 1945[1][4][2][…], Ҳолливуд, Калифорния[1][4]) — нависандаи амрикоӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Теодор Драйзер 27 августи соли 1871 дар шаҳраки Терре Хоти штати Индианаи Иёлоти Муттахидаи Амрико дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Падари ӯ Чон Паул Драйзер аз руи ихтисос бофанда буда, бо амри такдир соли 1844 аз Германия ба Амрико хичрат кардааст. Хичрати ӯ чунонки мухаккикон кайд мекунанд, аввалан аз хидмати харби рахо ёфтан ва сониян бо мақсади бой шудан рух додаст. Дар ибтидо воқеан корҳои ӯ барор гирифта, даромади хубе ба даст меорад. Муттасифона он дер давом намекунад. Ҳангоми таваллуди Теодор, чи хеле нокидони осори нависанда хабар медиханд. Зиндагии ин оила ру ба таназул оварда, хатто лаъхзаҳои зиёди фочиа ба ин оила тахдид намудааст. Чунин лахзаҳои душвори зиндагии оилавиро нависанда дар китоби тарчумаи холи худ"Шафак>> (1931) ба хотир оварда навиштасст, ки <<ах хотироти манн рӯзҳои хунуки пурдахшат хеч гоҳ фаромуш намешавад. Хуроки бисёр кам- он хам бошад, танҳо картошкабирён, баъзан шавла. Бисёр авкт гурусна будам".

То синни 16_солаги Драизер барои ба Чикаго рафта, савод омухтан ба корҳои хархела машгул шуда, каме маблаг чамь меоварад. Ин орзуи ӯ соли 1889 чомаи амал пушид. Бо маслихату тавсияи яке аз муаллимаҳои шинос Драизер соли 1889 ба донишгои шаҳри Блумингтон дохл мещавад, вале зиндагии сахти Амрикои онрӯза уро мачбур намуд, ки баьди як соли таҳсил онро тарк намуда, аз паи паидо кардани ризку рӯзи шавад. У ҳангоми таҳсил бисер мутолиа менамуд, бо осори нависандагони Ғарб ва рус ошнои паидо кард. Махсусан асарҳои Лев Толстои дар ҷаҳонбинию такдири минбаьдаи Драизер таьсири амике гузоштааст.

Ҳамин андешахо, яьне ташнаи навиштану шуҳратёр гардидан Драизерро ба рӯзнома овард. Солхои1892_1895 ӯ чун мухбири рӯзномаҳои Чикаго,Сент_Луис,Толедо,Питсбург,Филаделфия,Ню_Иорк хамкори мекунад. Хабару маколаҳои ӯ паиваста дар бораи вокеаҳои рӯз садамаи поезду киштихо, вохури бо одамони машҳур, маколахо аз хаети театру мусики, оид ба корпартоии трамваичиен ва гаира чоп шуд. Драизер 28_декабри соли 1945 дар шаҳри Холливуд аз олам гузаштааст.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 1.6 1.7 Краткая литературная энциклопедия (рус.)М.: Советская энциклопедия, 1962. — Т. 2.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. 3.0 3.1 Hussman L. E. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 4.4 4.5 Драйзер Теодор // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. LIBRISNational Library of Sweden, 2018.
  6. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  7. CONOR.Sl