Jump to content

Гач

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 09:28, 6 Январ 2021 тавассути VASHGIRD (баҳс | ҳисса) (top: ислоҳи вожаҳо using AWB)
(фарқият) ←Нусхаи кӯҳнатар | Намоиши нусхаи феълӣ (фарқият) | Нусхаи навтарин→ (фарқият)

Гачмасолеҳи бинокорӣ, ки дар натиҷаи зери ҳарорати баланд сӯзондани гипс ҳосил мекунанд.

Маҳлули гачи кӯфтаро ба осонӣ ба шакли дилхоҳ даровардан мумкин аст, ки он фаврӣ сахту хушк мешавад. гачи хушкшуда ранги сафеди мақбул мегирад. Беҳтарин навъи гачро «гулгач» мегӯянд. Дар санъати меъморӣ гач аз ибтидои м. ба сифати масолеҳи гилкорӣ, андова ва ороиш (гачкорӣ, кандакории рӯйи гач, панҷарасозӣ, воситаҳои дигари меъморӣ чун арақа, нижвон, шурфа) ва ҳунари ҳайкалтарошию муҷассамасозӣ истифода мешавад. Гачро дар меъмории муосир (сохтмони биноҳои фарҳангӣ, маъмурӣ, иқоматӣ) низ васеъ истифода мекунанд. Гач дар санъати бинокории имрӯзаи Тоҷикистон низ маҳсулоти муҳимми ороишии серистифода буда, дар ҷумҳурӣ чандин корхонаи коркарди гач (дар Душанбе, Исфара, Ёвон ва ғайра) фаъолият доранд. гачро, ҳамчунин, дар ҳунари чинисозӣ ва шишасозӣ ба ҳайси унсури ёрирасон ба кор мебаранд. Дар тиб аз гач бандинаҳои махсуси шикастабандӣ тайёр мекунанд. Дар стоматология барои тайёр кардани қолаб, узвҳои сунъӣ (ориятӣ) ва ғ. истифода мешавад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Веймарн Б. В. Искусство Средней Азии. М., 1940.
  • Ремпель Л. И. Архитектурный орнамент Узбекистана. Т., 1961;
  • Искусство таджикского народа. Т. 4. Д., 1979;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988.
  • Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат. Д., 2003;
  • Рузиев М. Декоративно-прикладное искусство таджиков. Д., 2003.