Jump to content

Озодӣ (дар хуқуқ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 16:24, 27 Январ 2022 тавассути InternetArchiveBot (баҳс | ҳисса) (Rescuing 1 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.8.6)
(фарқият) ←Нусхаи кӯҳнатар | Намоиши нусхаи феълӣ (фарқият) | Нусхаи навтарин→ (фарқият)

Озодӣ (дар хуқуқ) - 1) соҳаи бо ҳуқуқ кафолатгаштаи мухторияти фард аст, ки дар ҳудуди он шахс мустақилона, мувофиқи хоҳишаш амал мекунад. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд – вазъи ҳуқуқии шахс ба воситаи маҷмӯи хуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро, ки дар меъёрҳои ҳамаи соҳаҳои хуқуқи амалкунанда инъикос ёфтаанд, муайян мегардад.[1]

Озодӣ- 2) дар адабиёти мавҷуда мафҳуми озодӣ ба ду маъно эзоҳ дода шудааст:

2.1 озодӣ категорияи фалсафӣ ва ҳуқуқӣ буда, шахс мустақилона тарзи зиндагӣ ва фаъолияти худро интихоб менамояд, ба шарте ки он бо ягон қоидаву рафторҳо алоқаманд набошад, ғайр аз қоидаву рафторҳое, ки ҳатмӣ аз тарафи давлат муқаррар шудаанд ё урфу одатҳое, ки дар байни халқ вуҷуд доранд.

2.2 дар Конститутсия ё дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ ба шахс имконияти рафтори муайянеро содир кардан муқаррар шудааст. Масалан, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 2 «Ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд» ном дорад. Дар ин мафҳум ҳам имконияти ҳуқуқ доштан ва ҳам озодии инсон (шахс) муқаррар гардидааст. Ҳуқуқу озодиҳое, ки дар Конститутсия муайян карда шудааст, ба шахс имконият медиҳад, ки рафтори муайян, ҳаракат, рафторе, ки ба ҳуқуқ мувофиқат мекунад, содир намояд. Озодӣ бошад, мафҳуми васеъ буда, якчанд роҳҳои амалӣ гаштани худро дошта, дар баробари он, дар як вақт мумкин буда, дар дигар ҳолат, дар меъёрҳои ҳуқуқӣ ҷой додани он ғайриимкон мебошад. Аз ин лиҳоз, якчанд воситаҳои амалӣ гаштани озодии суханро дар меъёрҳои ҳуқуқ имконияти ҷой додан мавҷуд аст ( аз ҷумла, имконияти ташкил намудани воситаҳои ахбори омма, паҳн намудани ахбор ва ғайра).[2]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 533-534
  2. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 367