Jump to content

Аҳд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аҳд (паймон, муоҳида, аҳднома, шартнома, созишнома) — дар ҳуқуқ амалест, ки барои барқарор ё бекор кардани ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафайн баста мешавад.

Навъҳои аҳд

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳди дутарафа ва бисёртарафа шуда метавонад. Аҳднома маъмулан байни шаҳрвандон ва шахсони ҳуқу­қӣ бо мақсади муқаррар намудани шарту шароити масъа­лаи мавриди Аҳд баста мешавад. Субъекти аҳдҳо шаҳрвандон, шахсони воқеӣ ва воҳидҳои марзию маъмурӣ ва ғайра мебошанд. Субъектҳои ҳуқуқи табаӣ (гражданӣ) ҳақ доранд, ки озодона ва бо хоҳиши худ барои ба амал баровардани манфиатҳои хеш ҳар гуна аҳд ва созишномаҳо ба имзо расонанд. Навъҳои гуногуни аҳдҳоро қонун пешбинӣ намудааст.

Аҳдҳои абстрактӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳдҳои абстрактӣ (аз лот. abstrahere – ҷудо кардан аст), аҳде мебошанд, ки аз асоси худ канда шуда, эъти­борашон аз асос ва мақсади аҳд вобаста намебошад. Масалан, супоридани вексел. Яъне вексел агар мувофиқи талаби қонун ба расмият дароварда шуда бошад, чӣ тавр ва бо кадом асос вексел ба дасти векселнигаҳдоранда расидааст, аҳаммият надорад. Дар мавриди расидани муҳлате, ки дар вексел нишон дода шудааст ва маблағе, ки дар вексел муайян карда шудааст, бо пешниҳод шудани вексел бояд маблағ дода шавад. Бо ҳамин сабаб дар гардиш вексел хеле зиёд истифода карда мешавад.

Аҳди амалӣ (реалӣ аз лот. res – ашё), ки дар он ҳосил шудани созиш байни тарафайн кофӣ нест. Ғайр аз ин, супоридани худи ашё, мол ё судури амали дигар зарур аст. Масалан, барои он ки шартномаи қарз басташуда ҳисоб шавад, бояд маблағи паймоншуда ба қарзгиранда супорида шавад. Ва ё барои он ки шартномаи туҳфа басташуда маҳсуб шавад, маъмулан ашёи туҳфашаванда ба туҳфагиранда бояд супорида шавад. Ҳамин тавр, барои он ки шартномаи нигаҳдошт басташуда маҳсуб шавад, маъмулан моли дар шартнома пешбинишуда бояд таҳвили нигаҳдоранда шуда бошад. Яъне дар чунин аҳдҳо танҳо созиши тарафайн кифоя нест, зарур аст, ки ашёи мавриди аҳд низ ба тарафи муқобил супорида шавад. Ҳуқуқ ва уҳдадории тарафҳо аз лаҳзаи супоридани мол ба вуҷуд меояд. Агар вақти созиши тарафайн ва супоридани ашё ё худ мол бо ҳам мувофиқат кунад, хусусияти Аҳд тағйир нахоҳад ёфт.

Аҳдҳои асоснок

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳдҳои асоснок (каузалӣ), ҳар як аҳде, ки асос ва мақсади муайяни ҳуқуқӣ дошта бошад, аҳди асоснок номида мешавад. Аз аҳди асоснок (каузалӣ) мақсад муайян аст, ки тарафҳо чӣ гуна мақсад доранд. Масалан, аз шартномаи хариду фурӯш маълум аст, ки кадом мол ба харидор супорида мешавад. Эътибори аҳди асоснок ба мақсаде, ки гузошта мешавад, вобастагӣ дорад. Мақсади аҳд бояд қонунӣ ва иҷрошаванда бошад. Бинобар ин асоси қонунии он ҳам муайян аст. Агар асоси ҳуқуқӣ (кауза) ва мақсади аҳди қонунӣ набошад, Аҳд беэътибор дониста мешавад. Масалан, аҳдҳое, ки бар хилофи асосҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва ахлоқ баста шудаанд, беэътиборанд (моддаи 194 КГ).

Аҳдҳои асосёфта ба боварӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳдҳои асосёфта ба боварӣ аҳдҳое мебошанд, ки хислати боваринок доранд. Масалан, шартномаи супоришӣ, комиссия ва ғайра Чунин аҳдҳо ба боварии шахсии тарафайн алоқаманд мебошанд. Хусусияти хоси ин аҳдҳо аз он иборат аст, ки агар боварии тарафайн ё яке аз тарафҳо аз байн равад, ин ба қатъ гардидани муносибати тарафайн сабаб мешавад. Дар чунин созишномаҳо бовари тарафайн ҳатмист ва агар бовари яке аз тарафҳо халалдор шавад, вай ҳар вақт, ки хоҳад, аз шартнома даст кашида метавонад. Агар бовари яке аз тарафҳо халалдор шавад, вай метавонад ҳар вақт, ки хоҳад, аз шартнома даст кашад.

Аҳдҳои беэътибор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳдҳои беэътибор, аҳдҳое мебошанд, ки амали содиршуда мазмуни ҳуқуқӣ пайдо намекунад ва оқибатҳои ҳуқуқие, ки тарафайн дар интизораш буданд, ба вуҷуд намеоянд. Зеро ҷузъҳо ва таркиботе, ки барои эътибори аҳд заруранд, риоя намешаванд. Дар асоси моддаҳои пешбинишуда дар қонун ва диг. санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ё бар мабнои беэътибор эътироф шудани суд Аҳд беэътибор дониста мешавад. Аҳдҳои беэътибор ду навъ мешаванд: Аҳдҳои тамоман беэътибор ва аҳдҳои баҳснок.

Аҳди бемузд

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳди бемузд ба табиати ҳуқуқии аҳд вобаста буда, бемуздии он ба мазмуни созиши тарафайн вобаста аст. Аҳдҳои бемузд байни шаҳрвандон ба хоҳиши онҳо баста мешаванд. Байни шахсони ҳуқуқӣ аҳдҳои бемузд одатан дар ҳамон маврид баста мешаванд, ки он ба талаботи қонун, мазмуни низомнома ё ойинномаи онҳо зид набошад. Мувофиқи талаби қ. 2 моддаи 455 КГ аҳде, ки муво­фиқи он як тараф ба тарафи дигар бемузд амволи муайянеро супорад ва ба ивази он чизе ё музде ва ё талабе пеш­ниҳод накунад, Аҳди бемузд эътироф карда мешавад. Масалан, шартномаи туҳфа.

Аҳдҳои биржавӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳдҳои биржавӣ шартномаҳое мебошанд, ки зимни савдои биржа байни иштирокчиёни савдои биржа дар хусуси моли биржавӣ баста мешаванд. Аҳди биржавӣ дорои чунин хусусиятҳо мебошад: дар биржа ҳатман ба қайд гирифта мешавад; танҳо дар рафти савдои биржавӣ дар маҷлиси биржа баста мешаванд; ҷонибҳои Аҳди биржавӣ иштирокчиёни савдои биржавӣ буда, танҳо нисбат ба моли ба биржа роҳдодашуда (моли биржавӣ) баста хоҳанд шуд.

Аҳди бисёртарафа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳди бисёртарафа тавассути бештар аз ду тараф роҷеъ ба фаъолияти муштарак баста мешавад. Дар он масалан, якчанд шахси ҳуқуқӣ муттаҳид шуда, якҷо барои ба даст овардани фоида ё ноил шудан ба мақсадҳои дигар, ки хилофи қонун набошад, тасмим мегиранд, ки як комплекси сайёҳӣ созанд. Дар соҳаи ҳуқуқи гражданӣ чунин А.-ҳо зиёд нестанд.

Аҳди дутарафа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳди дутарафа бо мувофиқати тарафайн баста шу­да, маъмулан онро созишнома меноманд. Дар чунин Аҳдҳо манфиати ду тараф (масалан, борфиристанда ва боркашон) ба назар гирифта мешавад. Аксар шартномаҳои гражданӣ хусусияти дутарафаро доранд.

Аҳди қалбакӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳдҳои қалбакӣ бо мақсади рӯпуш намудани аҳди дигар баста мешавад ва чунин Аҳд эътибор нахоҳад дошт. Аммо баъзан тарафҳо надониста ва ба талаби қонун сарфаҳм нарафта, чунин Аҳд-ро содир мекунанд. Бинобар ин, мазмуни аҳдро таҳлил карда, баъд ба хулоса омадан лозим аст.

Аҳди консенсуалӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳдҳои консенсуалӣ (аз лот. consensus – созиш) аҳдҳое мебошанд, ки дар асоси созиш баста мешаванд ва ҳуқуқу уҳдадории тарафайн аз мавриди ба миён омадани созиши байни онҳо майян карда мешавад. Бо ҳосил шудани созиш вазифа ва ҳуқуқу уҳдадории тарафайн низ мушаххас мешавад. Тарафҳо метавонанд иҷрои онро талаб намоянд. Бисёри аҳдҳо, созишномаҳо (шартномаи хариду фурӯш, пудрат, комиссия ва ғайра) шомили чунин хусусиятҳо мебошанд.

Аҳди музднок

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳди музднок уҳдадорие мебошанд, ки як тараф барои судури фаъолияти муайяни тарафи муқобил ҷиҳати ҷуброни фаъолияташ бо ҳам мувофиқат мекунанд. Музди аҳд ба супоридани маблағ, мол ё бо хидматрасонии тарафи муқобил дар иҷрои кори муайян ифода меёбад. Маъмулан созишномаҳо агар дар онҳо тарзи дигар пешбинӣ нашуда бошад, музднок мешаванд. Дар қисми 1-и моддаи 455 КГ чунин омадааст: «шартномае, ки мувофиқи он як тараф музд­ро гирад, барои иҷрои уҳдадорӣ ба тарафи дигар талаботи мувофиқро қонеъ гардонад, шартнома музднок дониста мешавад». Масалан, шартномаҳои хариду фу­рӯш, шартномаи боркашонӣ ва ғайра

Аҳдҳои рӯякӣ аҳдҳое мебошанд, ки бидуни нияти пайдо намудани оқибати дахлдори ҳуқуқӣ баста шудаанд. Аз ин сабаб ҳам беэътибор аст (моддаи 195 КГ). Масалан, шартномаи қарз вуҷуд надорад, байни тарафҳо аҳду паймони санадӣ нест. Аммо мегӯяд, ки гӯё шаҳрванд аҳд аз фалонӣ қарздор аст. Ё мисоли дигар, барои хонаро аз мусодира нигоҳ доштан онро бардурӯғ туҳфа кардаанд.

Аҳди тиҷоратии беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳди тиҷоратии беруна аҳдест, ки яке аз тарафҳо шахси ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ мебошад ва барои воридоту содироти мол, хидматрасонӣ ва диг. намуди фаъолиятҳо шартнома мебандад. Он асосан бо шартномаҳои хариду фурӯш, маҳсулотсупорӣ, боркашонӣ ва ғайра марбут аст. Аҳдҳои форвардӣ дар хусуси таҳвили ҳуқуқу уҳда­дориҳои мутақобилаи ташкилоти фурӯшанда ва ташкилоти харидор нисбат ба моли воқеии муҳлати супурданаш ба таъхир андохташуда, вале як қисми арзишаш пешакӣ пардохташуда баста мешаванд.

Аҳди фючерсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳдҳои фючерсӣ на бо мақсади хариду фурӯши мол, балки дар хусуси таҳвили ҳуқуқу уҳдадориҳои марбут ба қарордоди стандартӣ ҷиҳати расонидани моли биржавӣ баста мешаванд. Харидори қарордоди стандартӣ ҳуқуқи фурӯши минбаъдаи онро доро мебошад. Аз ин рӯ, фурӯши минбаъдаи қарордоди стандартӣ бо нархи баландтар ба ӯ имкони ба даст овардани фоидаро фароҳам меоварад ва бар­ъакс, агар бо нархи баландтар фурӯхтани қарордод муяссар нагардад, дар он сурат дорандаи қарордод зарар мебинад.

Аҳдҳои шартӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳдҳои шартӣ аҳдҳое мебошанд, ки мувофиқи онҳо тарафҳо ба миён омадани ҳуқуқу уҳдадориҳоро ба шарте вобаста донанд, ки фаро расидан ё нарасидани он маълум нест. аҳдҳои шартӣ ду навъ мешаванд: 1) бо шарти ба таъ­хир анҷомдодашуда. Ба сифати шарт ҳолате асос мешавад, ки фаро расидан ё нарасидани он маълум нест, ё фаро мерасад, ё не. Масалан, шаҳрванд доир ба ҳавлӣ шартномаи хариду фурӯш мебандад. Аммо мувофиқи он шартнома ҳуқуқ ва уҳдадории тарафҳо пас аз се моҳ пайдо мешавад, яъне ба шарте, ки фурӯшанда дар шаҳри дигар, ки ба он ҷо кӯчидан мехоҳад, кор ёфта тавонад; 2) бо шарти бекоркунӣ. Масалан, хона ба иҷора гузошта шудааст. Дар шартнома пешбинӣ шудааст, ки агар пас аз ним сол писараш аз хидмати ҳарбӣ ё аз ҷои дигар баргардад, иҷоранишин хонаро бояд холӣ намояд. Фаро расидани шарт мувофиқи моддаи 182 Кодекси гражданӣ муайян карда мешавад.

Аҳдҳои яктарафа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳдҳои яктарафа аҳде мебошад, ки бо хоҳиш ва иродаи як тараф содир карда мешавад. Худи шахс озодона иродаи худро ифода мекунад. Барои содир намудани аҳди яктарафа иродаи худи аҳдсодиркунанда (масалан, қабули мерос, тартиб додани васиятнома, додани ваколатнома ва ғайра) кифоя аст.

  • Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009.