Викиахбор
Wikinews | |
---|---|
URL | www.wikinews.org |
Навъи вебгоҳ | вебгоҳи MediaWiki[d] ва лоиҳаи Фонди Викимедиа[d] |
Сабтином | Ғайриҳатмӣ |
Забон(-ҳо) | 33 |
Макони сервер | |
Молик | Wikimedia |
Бунёнгузор | Wikimedia community[d] |
Оғози кор | 8 ноябр 2004 |
Рутбаи Alexa | 65 929 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Викиахбор (англ. Wikinews) — оҷонсии иттилоотии байналмилалӣ[1] ва нашрияи озоди интернетӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи ихтиёриёни ташаббускор ташаккул ёфтааст. Технология ва принсипҳои вироиши мақолаҳои иттилоотӣ дар Викиахбор ба монанди дигар нашрияҳои ташкилоти ғайритиҷоратии фонди «Викимедиа», мебошад, ки Викиахборро дастгирӣ карда истодааст. Викиахбор кӯшиш дорад, мақолаҳои мазмунан бетараф ва беғаразро асосан нигоҳ дорад. Афзалият барои иттилооти ягон минтақае дода намешавад. Викиахбор ҳам умумиҷаҳонӣ ва ҳам маҳаллӣ шуда метавонад.
Викиахбор дар Интернет ба 33 забон нашр мешавад, аз ҷумла репортажҳои эксклюзивӣ ва интервюро рӯи чоп меорад. Таълифоти иттилоотӣ ба истифода аз ҷойгузинҳои озод таҳти литсензияи Creative Commons Attribution 2.5, нашр мешавад, ва барои паҳн намудан ва истифодаи озод ба ҳама дастрас мебошад.
10 январи соли 2009 дар Хитой қисмати чинии Викиахбор баста шудааст.[2].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ноябри соли 2004 нусхаи озмоишӣ ба забони англисӣ интишор шуд.[3]. Декабри соли 2004 тестгузаронии (бета-санҷиш) ба охир расид. Дар ҳамин вақт қисмати олмонии (фасли олмонӣ) Викиахбор ба нашр оғоз карда буд. Аз январ то марти соли 2005 қисматҳои фаронсавӣ, испанӣ, шведӣ, булғорӣ, полякӣ, португалӣ, руминӣ ва украинӣ (фаронсавӣ, испонӣ, шведӣ, булғорӣ, лаҳӣ, португалӣ, руминӣ ва укроинӣ) интишор шуданд. 1 ноябри соли 2005 саҳифаи аслии қисмати русӣ (нусхаи русӣ)[4]. То ҳоло қисмати тоҷикии Викиахбор ба интишори иттилоот оғоз накардааст.
Омор
[вироиш | вироиши манбаъ]Мутобиқи омори Мета-вики[5], дар Викиахбор 33 қисмати забонӣ мавҷуд аст. Даҳ пешсафи аввал аз рӯи ноябр 2024 года миқдори саҳифаҳо дар фазои асосӣ чунин аст:
- Забони сербӣ — зиёда аз 76 ҳазор,
- Забони англисӣ — зиёда аз 20 ҳазор,
- Забони фаронсавӣ — зиёда аз 16 ҳазор,
- Забони полякӣ — зиёда аз 13 ҳазор,
- Забони олмонӣ — зиёда аз 12 ҳазор,
- Забони итолиёӣ — зиёда аз 10 ҳазор,
- Забони испанӣ — зиёда аз 9 ҳазор,
- Забони португалӣ — зиёда аз 9 ҳазор,
- Забони русӣ — зиёда аз 9 ҳазор,
- Забони каталонӣ — зиёда аз 4 ҳазор.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ InternationalJournalism
- ↑ n:en:Chinese version of Wikinews gets blocked in China
- ↑ Main Page — Wikinews Demo. 17 ноябри 2004 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 ноябри 2004.
- ↑ интишор шуд.Main Page — Викиахбор
- ↑ Meta-wiki: Wikinews statistics
Хатои ёдкард: <ref>
tag with name "InternationalJournalism" defined in <references>
is not used in prior text.
<ref>
tag with name "AnAgency" defined in <references>
is not used in prior text.Ҳаволаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- RSS русских Викиновостей Бойгонӣ шудааст 20 октябри 2009 сол.
- RSS английских Викиновостей
Мақолаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Wikinews: свободные новости
- Создатели Wikipedia попробуют себя в журналистике
- Инструменты медиа-индустрии оказались в руках толпы
- «ВикиНовости»: никто не хочет быть репортером? Бойгонӣ шудааст 26 марти 2015 сол.
Викиахбор дар Викианбор |