Jump to content

Виконт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Виконт (лот. vicecomes – ноиби граф) — яке аз унвонҳои расмии асримиёнагӣ дар Аврупои Ғарбӣ.

Дар аввал виконт дорандаи қитъаи заминро мегуфтанд. Мақоми виконт дар силсилаи мартабаҳои Аврупои асримиёнагӣ пас аз барон ва пеш аз граф қарор дошт. Дар ибтидо виконтҳо аз ҷониби граф таъйин шуда, ҳеч гуна робитае бо шоҳ (корол) надоштанд ва унвони худро ба ворисашон дода наметавонистанд. Баъдан дар баъзе кишварҳои Аврупо унвони виконт меросӣ шуда, аввалин бор соли 1440 Ҷон Бомонт (дар Бритониёи Кабир) аз ҷониби Генрихи VI ба ин унвони ифтихорӣ сарфароз гардонда шуд. Ҳоло виконт ҳамчун унвони ифтихорӣ боқӣ мондааст.