Воронеж
Шаҳр | |||||
русӣ: Воронеж | |||||
|
|||||
Кишвар | Русия | ||||
Роҳбар | Vadim Kstenin[d] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 1586 | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 154 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+03:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 473 | ||||
Нишонаи почта | 394000–394095 | ||||
voronezh-city.ru(рус.) | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Воронеж — шаҳр дар Русия, маркази вилояти Воронеж. Дар соҳили дарёи Воронеж, 12 км дуртар аз резишгоҳи он ба дарёи Дон воқеъ аст. Аҳолиаш 1, 01 млн нафар (бо атрофаш 1,2 млн нафар, 2014). Аз Воронеж хатти роҳи оҳани Марказ — Ҷануб, роҳҳои автомобилгарди Маскав — Ростови лаби Дон, Курск — Саратов мегузаранд. Ду фурудгоҳ, аз ҷумла фурудгоҳи байналмилалӣ дорад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Воронеж дар ҷойи шаҳри қадими рус дар ҳайати князии Рязан бунёд гардидааст. Бори аввал дар солномаҳои соли 1177 ва 1237 дар робита ба ҳуҷуми Ботухон зикр ёфтааст. Солҳои 1585-86 дар он қалъае сохтанд, ки ба ҳайати хатти мудофиавии Белгород дохил мешуд. Дар садаи XVII Воронеж маркази бузурги савдо дар қисми ҷанубу шарқии аврупоии Русия буд. Аз соли 1682 маркази епархия (вилояти тобеи епископ), дар замони роҳпаймоиҳои Азов (1695- 96) маркази киштисозии флотилияи Азов буд. Соли 1696 дар Воронеж корхонаи киштисозӣ ва таъмири киштӣ, баъдтар қалъа ва адмиралитейство сохта шуданд. Аз соли 1711 маркази губ. Азов, аз соли 1725 маркази губернияи Воронеж, солҳои 1779-96 маркази мулки Воронеж. Дар садаи XIX маркази бузурги савдову саноат бо корхонаҳои коркарди ашёи кишоварзӣ буд. Баъд тавассути хатти р. о. бо Маскав (1868) ва Ростови лаби Дон (1871) алоқа пайдо кард. 12 ноябри 1917 дар Воронеж Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор карда шуд. Дар солҳои панҷсолаҳои пешазҷангӣ дар Воронеж корхонаҳои бузурги мошинасозӣ, кимиё, саноати сабук ва хӯрокворӣ сохта шуданд. Дар солҳои ҶБВ (1941-45) дар натиҷаи ҷангҳои шадид Воронеж (бахусус соҳили чапи он) сахт хароб гардид. 25 январи 1943 аз фашистон озод карда шуд.
Саноат
[вироиш | вироиши манбаъ]Воронеж-и муосир бузургтарин маркази саноатӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, шаҳри асосии Черноземяи Марказӣ мебошад. Соҳаҳои асосии саноат: мошинасозӣ (истеҳсоли ҳавопаймоҳо, муҳаррикҳо барои ракетаҳо, таҷҳизоти челонгарию манганакунӣ, экскваторҳо, дастгоҳҳо ва ғайра), радиоэлектроника (истеҳсоли телевизор), кимиё (истеҳсоли каучуки синтезӣ, пластмасса). Соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли мебел ва масолеҳи бинокорӣ тараққӣ кардаанд.
Дар Воронеж Институти давлатии лоиҳакашию технологии мошинасозии оҳангарию манганакунӣ, пажӯҳишгоҳи физикаву кимиё, филиалҳои як қатор институтҳои таҳқиқоти илмии умумируссиягӣ, Донишгоҳи давлатӣ (1918), донишгоҳҳои кишоварзӣ, омӯзгорӣ, техникӣ, меъморию бинокорӣ, институтҳои ҳарбии авиатсияи муҳандисӣ, радиоэлектронӣ ва дигар мактабҳои олӣ, осорхонаҳои кишваршиносӣ, бадеии ба номи И. Н. Крамский, адабӣ (осорхонаи инфиродии шоир И. С. Никитин), театрҳои драма, опера ва балет, тамошобини наврас, лӯхтак фаъолият доранд. Ёдгориҳои меъморӣ: калисоҳои Успенский (1694—1702) ва Николский (1720), қасри Воронеж (асри 18) ва ғ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гринко А. И. В боях за Воронеж. Воронеж, 1985; Воронеж в документах и материалах. Воронеж, 1987; Воронеж — колыбель флота русского. Воронеж, 1995; Воронеж: культура и искусство. Воронеж, 2006.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Воронеж // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.