Jump to content

Германиҳои қадим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Германиҳои қадим — қабилаҳои ҳиндуаврупоӣ, ки аз давраи неолит дар соҳилҳои байни д.-ҳои Элбаву Одер, ҷануби Скандинавия ва нимҷазираи Ютландия сукунат доштанд.

Аз асри 1 то м. ҳудуди байни Рейни Поён, Висла, Дунай, баҳри Балтика ва Скандинавияи Ҷанубиро ишғол карданд. Маълумоти хаттӣ оид ба германиҳои қадим бори аввал дар асарҳои муаррихон Пифейи Массилиягӣ (асри 4 то м.), Страбон, Плутарх, Корнелий Тасит ва император Юлий Сезар вомехӯранд. Дар асри 1 то м. румиён германиҳои қадим-и Рейни Шарқиро ба худ тобеъ карданд, вале дар натиҷаи шӯриши херускҳо ва қабилаҳои германиҳои қадим Рейн ва Дунай сарҳадди байни мулкҳои Рум ва германиҳои қадим шуд. Германиҳои қадим мувофиқи ҷойгиршавӣ ба қабилаҳои байни Рейн, Майн ва Везер (батавҳо, бруктерҳо, ҳамавиҳо, хаттҳо, убиҳо ва дигарон), соҳили баҳри Шимолӣ (хавкиҳо, англҳо, вариниҳо, фризиҳо), аз Элбаи Миёна ва Элбаи Боло то Одер (свевҳо, маркоманҳо, квадҳо, лангобардҳо, семнонҳо), дар байни Одер ва Висла (вандалҳо, бургундҳо, готҳо), Скандинавия (свионҳо, гаутҳо) тақсим шуда буданд. Дар асри 1 то м. дар байни германиҳои қадим сохти авлодӣ ҳукмрон буд. Сарвари қабилаҳои германиҳои қадим пешво буд ва масъалаҳои асосӣ дар шӯрои куҳансолон ҳал карда мешуданд. Чандин қабилаи германӣ (хусусан дар Германияи Шимолӣ ва Ютландия) муқимӣ шуда, аз чорводорӣ ба кишоварзӣ гузаштанд. Дар асрҳои аввали м. дар кишоварзии онҳо сипор нақши бузург мебозид. Дар Германияи Шимолӣ оҳан истеҳсол мекарданд. Германиҳои қадим ҳамчунин ба бофандагӣ ва кулолӣ машғул буданд. Германиҳои қадим ҷасадҳои худро баъзан бо аспҳояшон месӯзониданд. Онҳо дар ҷараёни Муҳоҷирати бузурги халқҳо нақши бузург бозиданд. Германиҳои қадим дар ташаккули чандин халқияти имрӯзаи Аврупои Ғарбӣ – олмониҳо, ҳолландиҳо, даниягиҳо, шведҳо, норвегҳо, австриягиҳо ва ғ. нақши асосӣ доштанд.

  • Энгельс Ф. К истории древних германцов / Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., 2 изд. Т. 19. М., 1961;
  • Соловьёва Л. Н. Древние германцы и их языки /Введение в германскую филологию. М., 1980;
  • Ҷалилов А. Таърихи асримиёнагии мамлакатҳои Аврупо. Китоби якум. Д., 2013.