Гурезаи дохилӣ
Гурезаи дохилӣ — шахсе, ки аз маҳалли зисти доимиаш ронда шудааст, ё ба сабаби хушунатҳои дохилӣ, поймол шудани ҳуқуқи инсон, садамаҳои табиӣ ва амсоли инҳо маҷбуран хонаи худро тарк намудааст, ҳарчанд марзҳои давлатии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшударо убур накардааст.
Чандин санади байналмилалӣ, аз ҷумла, ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ ва ҳуқуқи инсон аз гурезаҳои дохилӣ дифоъ мекунанд. Мас., муоҳидаҳои Женева аз 12 августи 1949 ва Протоколҳои иловагӣ ба онҳо аз 8 июни 1977 (Тоҷикистон ба онҳо 13 январи 1993 ҳамроҳ шуд), ки дар радифи дигар иқдомот кӯчонидани иҷбории аҳолии осоиштаро аз маҳалли зисти доимиашон мамнуъ мешуморанд. Ҳамчунин санадҳoи марбут ба ҳуқуқи инсон — «Муоҳида дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон» аз 18 декабри 1979 (Тоҷикистон ба он 26 июни 1993 ҳамроҳ шуд), «Муоҳида дар бораи ҳуқуқи кӯдак» аз 20 ноябри 1989 (Тоҷикистон ба он 26 октябри 1993 ҳамроҳ шуд) низ дорои механизмҳое мебошанд, ки ҳуқуқи занон ва кӯдаконро дар чунин вазъият муҳофизат менамоянд. Бо вуҷуди ин, механизми ягона барои дифоъ аз ҳуқуқҳои гурезаи дохилӣ вуҷуд надорад.
Дар низоми СММ масъалаҳои гурезаи дохилиро раёсати махсус оид ба ҳамоҳанг сохтани фаъолияти башардӯстӣ баррасӣ мекунад. Дар доираи ин раёсат сохторе бо номи Мудирияти Кумитаи доимии байниидоравӣ мавҷуд аст, ки танзими фаъолияти шабакаҳо ва дигар агентиҳои СММ (Раёсати Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо, Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират, Фонди кӯдакони СММ, Фонди занони СММ, Барномаи рушди СММ ва ғ.)-ро дар ҳалли масъалаҳои гурезаи дохилӣ ба дӯш дорад. Бинобар муҳим будани ин масъала, соли 1992 мансаби Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои гурезаи дохилӣ таъсис дода шуд. Дар ҳалли масъалаҳои гурезаи дохилӣ созмонҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ (Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Табибони бидуни марз, Наҷоти кӯдакон, Ғамхории байналмилалӣ, OXFAM (Ҷамъияти оксфордии кумак ба гуруснагон) ва ғ. мадад ва мусоидат менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъалаҳои гурезаи дохилӣ баъди истиқлол рӯбарӯ шуд. Бо мақсади ҳифзи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷои иқомати доимии хешро тарк кардаанд, Қонун «Дар бораи гурезаҳо» (2002) қабул гардид. Ҳиҷрати беш аз 850 ҳазор нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷои иқомати доимии худ ба дохил ва хориҷи кишвар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати кишвар дар чунин марҳила таъмини вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон маҳсуб меёфт. Додани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он айём ба шаҳрвандони хориҷӣ ва таъмини амнияти онҳо аз имкон берун буд, зеро вазъияти ноороми ҷомеа (ҷанги шаҳрвандӣ) ба ин кор монеа мешуд. Бо назардошти ин Қонун аз истифодаи мафҳуми «гуреза»-и Муоҳида оид ба мақоми гуреза аз 28 июли 1951ва Протокол роҷеъ ба мақоми гуреза аз 31 январи 1967 (Тоҷикистон ба онҳо 7 декабри 1993 ҳамроҳ шуд) худдорӣ карда буд. Тибқи Қонуни мазкур унсурҳои асосии муқаррар намудани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо ҳисоб мешуданд: а) шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан; б) ҷои иқомати доимии хеш (қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон)-ро бо сабабҳои нооромии вазъи сиёсӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона тарк кардан. Мақсади асосии Қонун — баргардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои иқомати доимӣ ва расондани кумакҳои моддӣ ба онҳо бо сарбаландӣ иҷро гардид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гурезаи дохилӣ / С. Раҷабов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Раҷабов С. А. Фарҳанги ҳуқуқи байналмилалӣ. Д., 2012;
- Права человека и беженцы. Изложение фактов. № 20. Женева, 1994.