Иқболи Лоҳурӣ
урду: علامه محمد اقبال | |
Таърихи таваллуд: | 9 ноябр 1877[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: |
|
Таърихи даргузашт: | 21 апрел 1938[4][1][2][…] (60 сол) |
Маҳалли даргузашт: |
|
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | файласуф, нависанда, шоир, нависандаи кӯдакон, сиёсатмадор, вакил |
Забони осор: | урду[4], форсӣ[5], олмонӣ, арабӣ, урду[5] ва инглисӣ[5][6] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
allamaiqbal.com(англ.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (урду: علامه محمد اقبال, англ. Allama Muhammad Iqbal; 9 ноябр 1877[1][2][3][…], Сиёлкут[d], Панҷоб[d], Роҷи Бритониё — 21 апрел 1938[4][1][2][…], Лоҳур, Панҷоб[d], Роҷи Бритониё) — шоир, файласуф, ҳуқуқшинос, доктори улуми фалсафа (1908), ходими ҷамъиятии Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Гузаштагонаш аз бараҳманони Кашмир будаанд ва ба Сиёлкут кӯч бастаанд (асрҳои 16-17). Иқболи Лоҳурӣ дар ашъораш ба бараҳманзодагӣ ва дар асл аз мардуми Кашмир буданаш ишораҳо дорад:
Маро бингар, ки дар Ҳиндустон дигар намебинӣ
Бараҳманзодае рамзошнои Руму Табрез аст.
Танам гиле зи хиёбони ҷаннати Кашмир,
Дил аз ҳарими Ҳиҷозу наво зи Шероз аст.
Падараш Нурмуҳаммад тоҷир ва шахси маърифатдӯст буд ва ба эҷодиёти шоирони мутасаввиф — Саноӣ, Аттор, Буалии Қаландар ва дигарон таваҷҷуҳ дошт. Бештари вақти худро ба омӯхтани Қуръон, ҳадис, тафсир ва фиқҳ мегузаронид. Иқболи Лоҳурӣ аз хурдӣ таҳти роҳнамоии падараш ба омӯхтани улуми динӣ моил шуд ва дар ҳафтсолагӣ Қуръонро пурра ҳифз кард. Дар мадрасаи ибтидоӣ Иқболи Лоҳурӣ таҳти таъсири адиби донишманд Сайид Мирҳасан қарор гирифта, аз ӯ забонҳои арабӣ, форсӣ, урду, таърихи адабиёти арабро омӯхт ва бо ташвиқи вай ба гуфтани шеър ба забони урду оғоз кард. Сайид Мирҳасан бо ризояти падари Иқболи Лоҳурӣ ӯро барои таҳсил ба донишкадаи илмҳои техникии шотландиҳо (Scotch Mission) бурд. Дар Сиёлкут як маҷлиси сухан (шеърхонӣ) вуҷуд дошт. Барои он маҷлис Иқболи Лоҳурӣ гоҳе ғазал менавишт. Иқболи Лоҳурӣ ба зудӣ дар миёни шоирону адибони маҷлиси сухан шуҳрат ёфт. Соли 1895 Иқболи Лоҳурӣ синфи 12-умро дар донишкадаи шотландиҳо бо баҳои аъло хатм карда, бо ёрии моддии ҳукумат таҳсилашро дар Донишкадаи давлатии Лоҳур давом дод (1895). Ҳангоми таҳсил дар Лоҳур Иқболи Лоҳурӣ дар маҳфилҳои адабӣ, маҷлисҳои Анҷумани ҳимояти ислом — «Ҳимолой», «Нолаи ятим», «Тасвири дард» ва ғ. манзумаҳои ба урду навиштаи худро хонда, шуҳрат пайдо кард. Нашри асарҳояш аз соли 1890 шурӯъ шуд. Баъдтар Иқболи Лоҳурӣ Донишкадаи олии давлатии Лоҳурро (1899) бо медали тило хатм карда, унвони магистри фалсафаро гирифт. Муддате муаллими фалсафа, забони инглисӣ ва иқтисодиёти Коллеҷи шарқшиносӣ ва Донишкадаи давлатии Лоҳур буд.
Иқболи Лоҳурӣ дар Лоҳур бо шарқшиноси маъруфи инглис, проф. шуъбаи фалсафаи Донишкадаи давлатии Лоҳур Томас Арнолд шинос шуд, ки минбаъд устод ва дӯсти наздики ӯ гардид. Т. Арнолд истеъдоди баланди Иқболро пай бурда, ӯро ба омӯхтани адабиёт, хусусан фалсафаи Ғарбу Шарқ ташвиқ кард ва худаш бевосита ба вай роҳбарӣ намуд.
Иқболи Лоҳурӣ аз 2 сентябри 1890 ба Аврупо (Берлин, Вена, Будапешт, Порис, Мадрид ва ғ.) ба сафар баромада, дар донишгоҳҳои Лондону Кембриҷ ба омӯхтани фалсафа ва адабиёти Шарқу Ғарб машғул ва бо шарқшиносони машҳури инглис Э. Браун, Р. Николсон ва М. Теггерт шинос шуд.
Хирад афзуд маро дарси ҳакимони фаранг,
Сина афрӯхт маро суҳбати соҳибназарон.
Иқболи Лоҳурӣ аз Донишгоҳи Лондон дипломи ҳуқуқшиносӣ гирифта, соли 1908 ба Олмон омад ва дар Шӯрои олимони Донишгоҳи Мюнхен дар мавзӯи «Таҳаввули илми мовароуттабиа дар Эрон» рисолаи докторӣ ҳимоя кард. Муддати шаш моҳ бо хоҳиши проф. Т. Арнолд дар Донишгоҳи Лондон забон ва адабиёти арабиро таълим дод. Соли 1908 ба Лоҳур баргашта, проф. илмҳои фалсафа ва забони инглисии Коллеҷи шарқшиносии давлатии Лоҳур таъйин шуд, вале баъди 1,5 сол аз ин кор даст кашида, вакили додгустарии идораи адлияи Лоҳур шуд. Дар маҷлисҳои машваратии мамлакатҳои исломӣ (Фаластин, 1931) ва Конференсияи мизи мудаввар (Лондон, 17 сентябр — 1 декабри 1931) ширкат варзид. Охири соли 1932 Нодиршоҳ Иқболи Лоҳурӣ ва ду нафар донишманди ҳиндиро барои ёрӣ додан ба ислоҳоти маорифу маданият ва ташкили донишгоҳ ба Афғонистон даъват намуд. Иқболи Лоҳурӣ баробари офаридани асарҳои бадеӣ, фалсафӣ ва илмӣ ҳамроҳи пешвоёни сиёсии Ҳиндустон М. Ганди, Ҷ. Неҳру, М. Ҷинноҳ ва ҳамсафони онҳо дар ҳаракатҳои миллии озодихоҳӣ фаъолона иштирок мекард.
Солҳои охири ҳаёташ Иқболи Лоҳурӣ аз бемориҳои гуногун ранҷ мекашид ва саранҷом 21 апрели соли 1938 даргузашт. Пайкарашро дар «Масҷиди подшоҳии Лоҳур» ба хок супурданд. Ҳангоми дами вопасини Иқболи Лоҳурӣ ҳозирин шуниданд, ки Аллома шеъри зеринро зери лаб хонду чашм аз олам барбаст:
Суруди рафта боз ояд, ки н-ояд?
Насиме аз Ҳиҷоз ояд, ки н-ояд?
Сар омад рӯзгори ин фақире,
Дигар донои роз ояд, ки н-ояд?
Иқболи Лоҳурӣ асарҳояшро ба се забон — урду, форсӣ, инглисӣ эҷод кардааст. Сабаби ба форсӣ асар офаридани Иқболи Лоҳурӣ дар он аст, ки ӯ ин забонро нисбат ба дигар забонҳои роиҷи вақт ширинтару фасеҳтар ва барои баёни мақсад мувофиқ шуморидааст:
Гарчи ҳиндӣ дар узубат шакар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба забони форсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Маҷмӯаи маснавиҳои фалсафии «Асрори худӣ» (1915), шакли мукаммали он «Рамузи бехудӣ» (1918) дар бораи фалсафаи зиндагӣ, «худӣ» ва «бехудӣ», робитаи фарду миллат, мубориза барои бахту саодати миллат.
- «Паёми Машриқ», маҷмӯаи шеърҳои дар ҷавоби «Девони ғарбӣ-шарқӣ»-и Гёте эҷодкардаи Иқболи Лоҳурӣ, ки соли 1923 дар Лоҳур ба табъ расидааст.
- «Забури Аҷам», маҷмӯаи шеърҳо, ки солҳои 1923-26 иншо гардида, соли 1927 чоп шудаанд. Фарогирандаи мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, тарбияву ахлоқ ва сиёсату фалсафа. Аз чор қисм иборат буда, маснавиҳои «Гулшани рози ҷадид» ва «Бандагинома»-ро дар бар гирифтааст.
- «Ҷовиднома», бузургтарин асари назмии Иқболи Лоҳурӣ, ки солҳои 1929-32 дар сабк ва вазни «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ навишта шудааст. Иқболи Лоҳурӣ дар ин асараш хаёлан бо Ҷалолуддини Балхӣ дар чанд сайёра саёҳати рӯҳонӣ карда, бо шахсиятҳои гуногуни таърихӣ ва асотирӣ мулоқот менамояд. «Ҷовиднома» аз ҷиҳати тарзи баён ба «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте шабоҳат дошта, дар он сохти сармоядорӣ ва ҳокимони золим маззамат шудаанд. «Ҷовиднома» эҳдои Иқболи Лоҳурӣ ба писараш Ҷовид мебошад.
- «Мусофир», дар шакли маснавист, ки онро Иқболи Лоҳурӣ баъди бозгашт аз сафари Афғонистон (1934) навиштааст. Ин маснавӣ таассуроти Иқболро ҳангоми сафари Афғонистон дар бораи Кобул, Ғазна, Кандаҳор ва аҳолии он ҷо баён мекунад.
- «Пас чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?», маснавиест, ки Иқболи Лоҳурӣ онро зери таъсири асари ҳамноми нависандаи бузурги рус Л. Н. Толстой «Пас чӣ бояд кард?» ва таҳти таъсири андешаҳои Ҷалолуддини Румӣ навиштааст. Дар ин асар дар бораи вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии Ҳиндустон ва кишварҳои ҳамсояи он, ки таҳти истисмори мустамликадорон қарор доштанд, сухан меравад.
- «Армуғони Ҳиҷоз», маҷмӯаи ашъор, ки соли 1938 баъди фавти Иқболи Лоҳурӣ ба нашр расид.
Ба забони урду
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Илму-л-иқтисод», нахустин асари илмии Иқболи Лоҳурӣ ва якумин китоб дар бораи илми иқтисодиёт дар Ҳиндустон (1904, 1961, Лоҳур).
- «Бонги даро» (даро — зангӯлаи корвон; 1924, Лоҳур), нахустин маҷмӯаи ашъори Иқболи Лоҳурӣ ба забони урду.
- «Боли Ҷабраил» (1924-35, Лоҳур).
- «Зарби Калим» (Калим — паёмбар Мусо; 1936, Лоҳур).
- «Мактуботи Иқбол» — асари мансури адабии Иқболи Лоҳурӣ, ки асосан аз мактубҳо иборат аст.
Ба забони инглисӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Таҳаввули илми мовароуттабиа дар Эрон» — рисолаи доктории Иқболи Лоҳурӣ, ки аз ду бахш иборат аст. Бахши аввал ба фалсафаи тоисломии Эрон (Зардушт, Монӣ ва Маздак) ва бахши дуввум ба таърихи фалсафаи баъдазисломӣ бахшида шудааст, ки онро Иқболи Лоҳурӣ соли 1908 ба сифати рисолаи илмӣ дар шӯрои илмии Донишгоҳи Мюнхени Олмон дифоъ кардааст. Соли 1908 ба забони инглисӣ дар Берлин чоп ва баъдтар ба забонҳои олмонӣ, урду ва форсӣ тарҷума шуд.
- «Эҳёи фикри динӣ дар ислом» — маърӯзаҳои Иқболи Лоҳурӣ дар бораи масъалаҳои фалсафа ва ислом (соли 1930 нашр ва ба забонҳои урду ва форсӣ низ тарҷума шудааст). Ин китоб солҳои 1996 ва 2010 ба забони тоҷикӣ (бо хатти кириллӣ) дар ш. Душанбе ба нашр расидааст.
- «Ислом ва аҳмадия», ҷавобҳои Иқболи Лоҳурӣ ба Ҷ. Неҳру дар бораи масъалаҳои ислом ва аҳмадизм (1936).
- Мақолаҳои Иқболи Лоҳурӣ дар бораи масъалаҳои мураккабу баҳсталаби фалсафа, сиёсат, адабиёти мардумони Ҳиндустон, Эрон, Аврупо, ки дар маҷаллаву маҷмӯаҳои гуногуни Ҳиндустон ва Покистон (ба забонҳои инглисӣ ва урду) нашр шудаанд.
Асарҳои нотамом
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Мантиқу-т-тайр»,
- «Эҳёи равияи қазоии ислом»,
- «Паёмбари фаромӯшшуда»,
- «Усули исломии таҷаддуди фиқҳ»,
- «Таърихи тасаввуф»,
- «Ислом аз назари ман»,
- «Мулоҳизаҳои ман дар бораи Қуръон» ва ғ.
Фалсафаи инсон ва масъалаи «худӣ»
[вироиш | вироиши манбаъ]Иқболи Лоҳурӣ соли 1908 бо назари тозае, ки на шарқӣ ва на ғарбӣ буд, ба кишвари худ бозгашт. Ӯ тасмим гирифт, ки фалсафа ва донишу ҳунари худро барои бедории ҷомеаи хоболуди мусулмонон истифода барад. Иқболи Лоҳурӣ ба ин натиҷа расид: пешрафти моддии номуътадили Ғарб дур аз ахлоқ ва маънавиёт буда, хурофотпарастии Машриқзамин неруи барбоддиҳандаи зиндагист; Шарқ ва Ғарб ҳар ду бояд қаламрави рӯҳро аз нав кашф кунанд; дониши Мағрибзамин барои барандохтани фақру беморӣ лозим аст; Машриқзамин набояд хатои Ғарбро такрор кунад; улуми табиӣ ҳамчунин бояд барои тақвияти ахлоқу маънавиёт истифода шаванд; имони динӣ ба танҳоӣ метавонад инсониятро наҷот диҳад, аммо ин имон ниёзманди баррасӣ ва бозсозӣ аст. Ғарбу Шарқу — илму имон такмилдиҳандаи якдигар — кафили инсони комили ояндаанд, аммо дар танҳоӣ ба ифроту тафрит роҳ медиҳанд.
Масъалаҳои инсон ва инсоншиносӣ дар низоми афкори Иқболи Лоҳурӣ яке аз масъалаҳои ҷиддӣ буда, фалсафаи «худӣ»-и ӯ моҳияти онро ташкил медиҳад. Ӯ тарҳрезии масъалаҳои марбут ба инсонро зимни ҳаллу фасли масоили мухталифи табиати инсон, моҳият, сиришт, рисолат, мақому манзалат, маъниву мақсади зиндагӣ, худшиносӣ, тазоҳури имконоти ботинии ӯ ва ғ-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст. Асоси ғоявии таълимоти Иқболро роҷеъ ба инсон ҷаҳонбинии динӣ-фалсафӣ ташкил медиҳад. Ӯ кӯшиш кардааст, ки инсонро аз тамоми шаклҳои истисмори иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавӣ раҳоӣ бахшида, мақому мартабаи олии ӯро бозгардонад. Дар ашъори Иқболи Лоҳурӣ вожаҳои гуногуне монанди «пайкари обу гил», «хокиниҳодон», «пайкари гил», «мушти хок», «ҷаҳони обу гил», «тирахок», «хокиён», «мушти ғубор» ва ғ. ба чашм мерасанд, ки ҳамагӣ баёнгари маънии инсон мебошанд. Иқболи Лоҳурӣ инсонро иборат аз рӯҳи ҷовид ва тани фонӣ донистааст. Ӯ масъалаҳои таъсири мутақобилаи рӯҳ ва тан, чӣ гуна ба якдигар таносуб доштани онҳо, вуҷуди мутавозии онҳо, эҳтиёҷ доштани онҳо ба ҳамдигар, табиати инсон, имконот ва олами ботинии инсонро мавриди андешаҳои фалсафӣ қарор додааст. Аллома кӯшиши хешро ба мавҷудияти мабдаи илоҳӣ дар сиришти инсон мутаваҷҷеҳ карда, онро дорои маънии алоҳида, бузургӣ ва ҳомили асрор донистааст. Рӯҳи инсонӣ ҳамчун мабдаи илоҳӣ, рамзи камолот ва фаъол эътироф гардидааст. Неруи бузурги инсонӣ, инсони хирадманду комил, худӣ, мубориза барои озодӣ, шукуфоӣ, ишқ қисмҳои таркибии таълимоти Иқболро ташкил медиҳанд, ки барои тарбияву парвариши инсон заруранд. Масаъалаи табиат ва моҳияти инсон дар осори Иқболи Лоҳурӣ ҳамчун ягонагии мабдаи илоҳӣ ва табиӣ баррасӣ шудааст. Нафс ва ё рӯҳи инсон мустақил буда, танҳо ҳангоми хоб ва марг аз тани ӯ ҷудо мешаванд, вале «худӣ»-и Иқболи Лоҳурӣ назар ба «рӯҳ» ва «тан» болотар гузошта шуда, ҳамчун омеза ё ихтилоти ин ду мабдаи илоҳӣ ва табиӣ зуҳур мекунад. Ин ду мабдаи нахустин бо ҳам омезиш ёфта, ҳолати ягонаеро ба вуҷуд овардаанд, ки Иқболи Лоҳурӣ онро «худӣ» ном гузоштааст. «Худӣ» дар вуҷуди инсон офтобест, ки агар коҳилию ҷоҳилӣ, худкамбинӣ, хурофотпарастӣ ва дигар ҷанбаҳои манфии инсонӣ аз ботини ӯ решакан шаванд, на танҳо худ ва зиндагии худро, балки тамоми оламро мунаввар мегардонад:
Худиро пайкари хокӣ ҳиҷоб аст,
Тулӯи ӯ мисоли Офтоб аст.
Ба ақидаи Иқболи Лоҳурӣ, ҳар чӣ дар олами ҳастӣ вуҷуд дораду ба чашм мерасад, он аз осору асрори «худӣ» аст.
Пайкари ҳастӣ зи осори худист,
Ҳар чӣ мебинӣ зи асрори худист.
Қатра чун ҳарфи худӣ дар бар кунад,
Ҳастии бемояро гавҳар кунад.
Ба назари Иқболи Лоҳурӣ ҳар як мавҷуди ҳастӣ вобаста ба он, ки то кадом андоза «худӣ»-и хешро парвариш додааст, ҳамон андоза арзиш дорад. Иқболи Лоҳурӣ ба ҷовидон будани «рӯҳ» боварӣ дорад, чунки вай бевосита бо олами илоҳӣ иртибот дорад:
Рӯҳ бо Ҳақ зиндаву поянда аст,
В-арна инро мурда онро зинда аст.
Он ки «Ҳайю ло ямут» омад Ҳақ аст,
Зистан бо Ҳақ ҳаёти мутлақ аст.
Иқболи Лоҳурӣ танро яке аз ҳолатҳои рӯҳ ва ҳаёт дониста, бартарияти рӯҳро ҳамчун мабдаи фаъол бар тан мабдаи ғайрифаъол таъкид кардааст: рӯҳ барангезандаи ҳаёт ва муҳаррики тан ва рамзи коинот аст; рӯҳу тан ҳамчун ду шакли ҳастӣ, яке бошаклу дигаре бешакл буда, дар айни ҳол дар ваҳдати комил вуҷуд доранд: «Рӯҳ на берун аз тан аст, на дохили он, он на мутассил аст на мунфасил. Худованд бо ҳама олам дар тамос аст, ҳамчунон ки тан бо рӯҳ дар тамосанд» (Зиёзода Иқболи Лоҳурӣ Ғ. Муаммои инсон дар фалсафаи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Д., 1998). Ба ақидаи Иқболи Лоҳурӣ, рӯҳ зуҳуроти илоҳӣ ва мутааллиқи Худост:
Гуфт тан? Гуфтам, ки зод аз гарди роҳ,
Гуфт ҷон? Гуфтам, ки рамзи ло ило.
Вале ҷон аз дами Ҷонофарин аст,
Ба чандин ҷилваҳо хилватнишин аст.
Инсоне, ки сахткӯшу сахтгир бошад, метавонад худро ба дараҷаи алмосӣ бирасонад ва танҳо баъди ин қобилияти нурафканиро соҳиб мешавад.
Мешавад аз вай ду олам мустанир,
Ҳар кӣ бошад сахткӯшу сахтгир.
Эй, зи одоби амонат бехабар,
Аз ду олам хешро беҳтар шумар.
Иқболи Лоҳурӣ дар масъалаи таносуби рӯҳу тан бо таълимоти тасаввуф чандон ихтилофи қатъӣ надорад ва як навъ идомадиҳандаи анъанаи суфиён мебошад. Ба андешаи Иқболи Лоҳурӣ маънӣ ва мақсади зиндагӣ расидан ба мартабаи инсони комил — саодати ҳақиқии инсонӣ — рисолати асоситарини фаъолияти инсонӣ, дарки моҳияти «худӣ» буда, ба инсон итминони комиле ба нерую истеъдодаш мебахшад, рафтори ӯро мушаххас ва тобеи мақсад мегардонад, эҳсоси хушбин буданро дар вуҷуди ӯ қавитар месозад ва барои беҳтар намудани зиндагии иҷтимоӣ ба ӯ ҷасорат мебахшад, мақому нақши ӯро дар ҳаёти иҷтимоӣ муайян менамояд:
Хештанро во намудан зиндагист,
Зарби худро озмудан зиндагист.
Худшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар низоми фалсафии Иқболи Лоҳурӣ худшиносӣ қисми ҷудонашавандаи таълимоти «худӣ»-и ӯст, зеро низом ва ҳастии олам бар он асос ёфта, ба тақвият ва ҳифзи он вобастагии комил дорад. Ба андешаи Иқболи Лоҳурӣ иҷрои «рисолати илоҳӣ» аз ҳар як инсон худшиносӣ ва худошиносиро (тибқи ҳадиси «Ҳар кӣ худро шинохт, Худоро шинохт») талаб дорад ва мавҷудияти «худӣ»-ро метавон дар соири мавҷудоти олами моддӣ ва ҳаводиси ҷузъи то ба офаридаҳои бузургҳаҷм ошкор намуд. Бозёфти «худӣ» бозёфти «худӣ»-и Худованд аст. Ба фикри Иқболи Лоҳурӣ олам ва аз ҷумла инсон, зуҳури «Ман»-и Мутлақ, яъне Худост, аз ин рӯ, шинохтани худӣ инсонро ба шинохтани «Ман»-и Мутлақ наздиктар менамояд:
Агар хоҳи Худоро фош бинӣ,
Худиро фоштар дидан биёмӯз.
Тафовути ҷиддии «худӣ»-и инсон аз «худӣ»-ҳои дигар мавҷудот дар он зоҳир мешавад, ки «худӣ» дар инсон ба ҳадди олитарини камолоти хеш расидааст. Аз ин рӯ, вазифаи инсон аз бозёфт ва тарбияву парвариши ин ҷавҳар иборат аст, то ки тавассути он ба дараҷаи инсони комил бирасад. Шинохти «худӣ» ҷараёни беохир буда, ҳамчун шинохти имконоти ботинии инсон матраҳ шудааст:
Дигар аз Шанкару Мансур кам гӯй,
Худоро ҳам бо роҳи хештан ҷӯй.
Ба худ гум баҳри таҳқиқи худӣ шав,
Аналҳақ гӯю Сиддиқи худӣ шав.
Аз ҳама кас канора гир, суҳбати ошно талаб,
Ҳам зи Худо худӣ талаб, ҳам зи худӣ Худо талаб.
Новобаста ба он ки «худӣ» дар тамоми ашёи олам вуҷуд дорад, инсон камолоти олии хешро маҳз дар ҳамин ду навъи худӣ — худии инсон ва худии Худо пайдо мекунад. Аз ин рӯ, вазифаи олитарини инсон пайдо кардани худии хеш, ба камол расонидани он ва ба марҳалаи олитарини инсон — инсони комил расидан аст, ҳарчанд ин ҷараён беохиру беинтиҳост.
Ба ақидаи Пригарина Н. тасаввуроти динӣ-фалсафии мусулмониро Иқболи Лоҳурӣ бо назарияҳои муосири аврупоӣ доир ба шахсият омезиш додааст. «Худӣ»-и Иқболи Лоҳурӣ дорои хислати иҷтимоие мебошад, ки ифодагари моҳияти инсон, нотарсӣ, мубориза баҳри хушбахтии одамон, таҳаққуқ бахшидан ба рисолати заминии инсон, халифаи Худо дар замин аст. Иқболи Лоҳурӣ фардиятро ҳамчун фароҳамоварандаи сифатҳои мушаххаси инсон, шахсиятро ҳамчун мабдаи фаъол дониста, «худӣ»-ро зуҳури маънавиёти олии инсонӣ ва моҳияти илоҳии ӯ меҳисобад. Ӯ «худӣ»-ро мабдаи фаъолу маркази ҳаракатбахши ҳаёти олам ва гавҳари олами ҳастӣ (барои тамоми мавҷудоти ҷондору беҷон) медонад.
Дар «Эҳёи фикри динӣ дар ислом» Иқболи Лоҳурӣ масъалаи «худӣ»-ро возеҳтар баён карда, мегӯяд: «Ҳадафи ахлоқӣ ва динии башар на саркӯб кардани „худӣ“, балки исботи „худӣ“ аст ва ин манзур вақте муяссар мешавад, ки башар то он ҷое, ки имкон дорад, шахсияти худро якто ва мунҳасир ба худ намояд». Сифати асосии «худӣ» зуҳурёбӣ, беқарорӣ, таманниёт, ҷустуҷӯи доимӣ, созандагӣ ва халлоқият, яъне идомаи офариниши Худованд аст.
Иқболи Лоҳурӣ азхудбегонашавиро бо истилоҳи «бехудӣ» ифода кардааст. Пас аз пайдо намудан, дар зоти хеш парваридан ва ба камол расонидани «худӣ» инсон, ба қавли Иқболи Лоҳурӣ, бояд марҳалаи дуввуми камолот — «бехудӣ»-ро сипарӣ намояд, ки он чизи дигаре ҷуз пайвастан бо иҷтимоъ нест. Фаъолияти иҷтимоии инсон яке аз муҳимтарин унсурҳои зуҳури фардият, шахсият ва ҳувияти ӯст. Арзиши фардият марбут ба он дониста мешавад, ки ӯ барои ҷомеаи худ то чӣ андоза муфид аст. Аз ин рӯ, Иқболи Лоҳурӣ ба ин хулоса меояд: инсон камолоти хешро танҳо дар ҷомеа метавонад касб кунад ва имконоти номаҳдуди хешро баҳри дигаргун сохтани олам ва ба камолоти маънавӣ расонидани фарди алоҳида таҳаққуқ мебахшад. Фарди алоҳида дар ҷомеа шабеҳи қатраест дар баҳр, ки акнун худ баҳр шудааст.
Худӣ з-андозаҳои мо фузун аст,
Худӣ з-он гил, ки мебинӣ, фузун аст.
Офтобу Моҳу анҷум метавон додан зи даст,
Дар баҳои он кафи хоке, ки дорои дил аст.
Худоҷӯёне, ки Худоро дур аз гавҳари худ ҷӯёанд, ба назари Иқболи Лоҳурӣ ба кори беҳудае машғуланд, зеро маънои ҷустуҷӯи Худо дар худ пайдо кардани Ӯ мебошад. Барои Иқболи Лоҳурӣ тамоми инсонҳо бо ҳам баробаранд ва тафoвути рангу пӯсти одамиро барои мусулмонон ҳаром эълон мекунад:
На афғонему не турку таторем,
Чаманзодему аз як шохсорем.
Тамизи рангу бӯ бар мо ҳаром аст,
Ки мо парвардаи як навбаҳорем.
Ақидаҳои ахлоқии Иқболи Лоҳурӣ дар заминаи ҷустуҷӯи роҳҳои саодат ва некбахтӣ бунёд гардидаанд. Дар замони Иқболи Лоҳурӣ маънавиёти мардум ва насли ҷавон коста шуда, дар чеҳраи онҳо ҳисси нобоварӣ, маъюсӣ, дилшикастагӣ аз фардои нек ҳувайдо буд. Аллома мехост ба онҳо умед бахшад, дар рӯҳияе тарбия намояд, ки боиси муттаҳидшавии онҳо гардида, аз ин навмедию маъюсӣ раҳоӣ ёбанд. Ӯ дар маснавии «Паёми Машриқ» мегӯяд: «Манзури ман арза намудани он ҳақоиқи ахлоқӣ, мазҳабӣ ва миллӣ аст, ки бо тарбияи маънавии афрод ва милал тааллуқ дорад… ва ҳар кӯшише, ки сирати дуруст ва нерумандии инсониро таҷдид ё тавлид менамояд, муҳтарам аст. Ваҳдати фикр бидуни ваҳдати ахлоқ ноқис асту хом. Таҳсил, таълиму тарбия бояд пояи ахлоқи кӯдакро истеҳком диҳад ва агар ахлоқи некуе барои кӯдак поягузорӣ нашуда бошад, вай ҳеч вақт ба мақсуди воқеии худ ноил нахоҳад шуд». Ба фикри Иқболи Лоҳурӣ нишонаи асосии мусулмонӣ одоби ҳамидаи инсон аст:
Надорам он мусулмонзодаро дӯст,
Ки дар дониш фузуду дар адаб кост.
Дар назари Иқболи Лоҳурӣ яке аз сифатҳои асосии марди муъмин одоби ҳамидаи ӯст ва барои ӯ насаб ва нажодпарастӣ тамоман бегона мебошанд:
Ту, эй кӯдакманиш, худро адаб кун,
Мусулмонзодаӣ, тарки насаб кун.
Иқболи Лоҳурӣ ҳамчунин гуфтани ҳар гуна «ҳарфи бад»-ро хато меҳисобад, зеро кофиру муъмин ҳама халқи Худо мебошанд ва маънои одамиятро эҳтироми одамӣ медонад:
Дин саропо сӯхтан андар талаб,
Интиҳояш ишқу оғозаш адаб.
Обрӯи гул зи рангу бӯйи ӯст,
Беадаб берангу бӯ, беобрӯст.
Навҷавонеро чу бинам беадаб,
Рӯзи ман торик мегардад чу шаб.
Ҳарфи бад бар лаб овардан хатост,
Кофиру муъмин ҳама халқи Худост.
Одамият эҳтироми одамӣ,
Бохабар шав аз мақоми одамӣ.
Иқболи Лоҳурӣ аз худ мепурсид, ки: «Чаро бо вуҷуди фарҳангу илму маънавиёти олӣ, шарқиён аз қофилаи тамаддуни муосир ва Аврупо ақиб мондаанд? Чӣ сабаб аст, ки Шарқ аз рушду тараққиёт мондааст?». Ӯ ба чунин хулоса омадааст, ки яке аз сабабҳои асосӣ вуҷуд надоштани «худӣ»-и фарду ҷомеа ва костагии маънавиёти он буда, касбу идроки «худӣ» куллан сирату сурати Шарқи мусулмонро тағйир хоҳад дод:
Мекунад андешаро ҳушёртар,
Дидаи бедорро бедортар.
Эътибори кӯҳ бахшад коҳро,
Қуввати шерон диҳад рӯбоҳро.
Хокро авҷи сурайё медиҳад,
Қатраро паҳнои дарё медиҳад.
Зиндагӣ дар назари Иқболи Лоҳурӣ ҳаракат, саъй, талош, кӯшиши пайваста аст, яъне муборизаи тӯлониест, ки то рӯзи марг идома меёбад, даст кашидан аз он ба марг тан додан аст. Хобу танбалию коҳилӣ боиси тадриҷан аз байн рафтани шахсияти инсон мешавад. Дар маснавии «Асрори худӣ» шоир се марҳалаи ба камолот расидани шахсро пешниҳод менамояд: итоат, забти нафс ва ниёбати илоҳӣ. Дар марҳалаи якум Иқболи Лоҳурӣ ғояеро талқин менамояд, ки ҳар шахс бояд итоат карданро бипазирад:
Дар итоат кӯш, эй ғафлатшиор!
Мешавад аз ҷабр пайдо ихтиёр.
Дар марҳалаи дуввум инсон, ки чун шутур худпарвар аст, бояд «зимом»-и «шутури нафс»-ро ба дасти хеш гирад:
Нафси ту мисли шутур худпарвар аст,
Худпарасту худсавору худсар аст.
Мард шав, овар зимоми ӯ ба каф,
То шавӣ гавҳар агар бошӣ ҳазаф.
Ҳар кӣ бар худ нест фармонаш равон,
Мешавад фармонпазир аз дигарон.
Инсон ҳамчун халифаи Худо дар рӯйи Замин баъди гузаштан аз ду марҳалаи мазкур ба вазифаҳои бевоситаи хеш — «ниёбати илоҳӣ», яъне рисолати хеш оғоз менамояд:
Ноиби Ҳақ ҳамчу ҷони олам аст,
Ҳастии ӯ залли Исми аъзам аст.
Иҷрои ин рисолат иқтидору бузургии инсонро ба авҷи баланд бардошта, ба камоли маънавию ахлоқӣ мерасонад ва дар натиҷа инсон бо амри Худованд рафтор мекунад.
Ишқ дар назари Иқболи Лоҳурӣ омили асосии истеҳком ёфтани «худӣ» ба ҳисоб меравад, зеро «худӣ» нуқтаи нурест, ки дар сиришти инсон шарораи зиндагиро нигоҳ медорад ва аз муҳаббат пояндатар, зиндатар, сӯзандатар ва тобандатар мешавад:
Нуқтаи нуре, ки номи ӯ худист,
Зери хоки мо шарори зиндагист.
Аз муҳаббат мешавад пояндатар,
Зиндатар, сӯзандатар, тобандатар.
Яке аз сабабҳои ақибмонии Шарқро Иқболи Лоҳурӣ дар дурӣ аз моҳияти Қуръон ва суннати паёмбар (с) донистааст. Яке аз нишонаҳои асосии «инсони комил»-и Иқболи Лоҳурӣ ошиқ будан, ишқ варзидани ӯст. Ишқ оғозу авҷи ҷустуҷӯи Ҳақ аст ва тамоми роҳҳо ба сӯйи Ӯ мебаранд. Ишқ сарчашмаи ҳаёт ва ҳастӣ, сабаби ҳаракат ва оромиши олам мебошад:
Ишқ оини ҳаёти олам аст.
Имтизоҷи солимоти олам аст.
Ишқ аз сӯзи даруни мо зинда аст,
Аз шарори «ло илаҳ» тобанда аст.
«Инсони комил» ҳамчун мафҳуми марказии тасаввуф бори аввал аз ҷониби Ибни Арабӣ истифода шуда, ғояи мушобаҳати «олами кабир» ва «олами сағир» ва «нусхаи Ҳақ» будани инсонро баён мекунад. Инсон — «олами сағир» тамоми сифоти илоҳиро дар худ инъикос кардааст. Инсони комил мақсади офариниш, кафолати ҳастии олам ва мазмуну мундариҷаи олами ҳастиро ташкил медиҳад. Ба дараҷаи инсони комил расидан на ба ҳама муяссар мешавад. Инсон барои ба ин дараҷа расидан чандин марҳалаву имтиҳоноти душворро бояд сипарӣ кунад. Ғояи инсони комил дар низоми фалсафии Иқболи Лоҳурӣ тафсиру тавзеҳи тоза касб кардааст. Барои Иқболи Лоҳурӣ тамоми мардуму миллатҳои олам яксонанд, зеро онҳо барои касби камол имконият ва қобилиятҳои баробар доранд:
Пеши Қуръон бандаву мавло якест,
Бурёву маснади дебо якест.
«Инсони комил»
[вироиш | вироиши манбаъ]«Инсони комил»-и Иқболи Лоҳурӣ дорои қобилияти хориқулодаест, ки маъмулан мансуб ба анбиё ва авлиёст. Ӯ бо ҳадафи эҳёи ислом бо шиори «бозгашт ба исломи ҳақиқӣ» зарурати эҳёи афкори диниро мувофиқи талабу дархости аср асоснок мекунад ва мехоҳад он чизеро, ки сабаби пасравӣ мегардад, аз байн бурда шавад. Аз ин рӯ, Иқболи Лоҳурӣ низоми динӣ ва фалсафии хешро бунёд мегузорад. Муҳаққиқи осори Иқболи Лоҳурӣ Аникеев Н. П. менигорад: «Иқбол фикри худро оид ба он ки инсони кунунӣ чи гуна бояд бошад, пешниҳод намуда, муътақид аст, ки иллати асосии ақибмонӣ ва ҳолати ногувори Ҳиндустон ва умуман Машриқ дар навбати аввал дар ғояи интишордодаи истисморгарон оид ба ғайрифаъолӣ, худмаъзулкунӣ, бетафовутӣ нисбат ба зиндагии фард ниҳон аст, ки вақтҳои охир ба идеологияи ҳукмрон табдил гардида буд».
Ба ақидаи Иқболи Лоҳурӣ ҷанбаи илоҳӣ доштани сиришти инсон ӯро аз соири мавҷудот мутамоиз сохта, барояш имконоти расидан ба камолотро муҳайё мекунад. Иқболи Лоҳурӣ инсонро дар ихтиёр намудани роҳи хайру шар(р) озод медонад, ки қодир аст миёни ин ду неруи бо ҳам муқобил якеро ихтиёр намояд ва натиҷаи ин мубориза бо он марбут аст, ки дар ниҳоди инсон кадом манише боло мегирад: хайр ё шар, Раҳмон ё Шайтон. Роҳ ба сӯйи «инсони комил» ҳарчанд душвору ноҳамвор бошад ҳам, вале ҳаргиз дастнорас нест; «роҳ ба сӯйи Худо» маҷмӯи пурраи ба камолот расонидани қобилиятҳои инсонӣ ва васеъ намудани имкониятҳои ӯро фаро мегирад. Шарқшиноси машҳури инглис Р. Николсон менависад: «Иқбол доктринаи суфиёнаи инсони комилро бо усули худ тафсир кардааст, ки мувофиқи он ҳар як фард аз рӯйи қобилияти худ олами сағир аст. Ҳангоми ба камолоти рӯҳонӣ расиданаш дар ӯ тамоми сифоти илоҳӣ зуҳур менамояд ва бо вилоят ва нубуввати худ инсонхудо ва халифаи Худо мешавад». Инсони комил ҳамчун марҳалаи олитарини камолоти инсонӣ дар вуҷуди худ беҳтарин ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва тамоми асмоъ ва сифоти илоҳиро таҷассум ва тамоми сифатҳои ҳайвониро маҳв кардааст. Дар яке аз суханрониҳои худ Иқболи Лоҳурӣ чунин мегӯяд: «Худованд вазъи ҳеч миллатеро тағйир нахоҳад дод, магар ин ки худашон ибтикори тағйир ва табдилро дар дасти худ гиранд ва дар сояи ғояи муайяне муҳити фаъолияташро равшан ва мунаввар созанд. Бидуни имони росих ба истиқлоли фикр ҳеч амалу иқдоме анҷомпазир нест. Танҳо ҳамин имон аст, ки назари милалро мутаваҷҷеҳи ҳадафашон месозад ва онҳоро аз ҳайрат ва тардиди мустамир наҷот медиҳад».
Ҷавоби Мавлоно дар робита ба саволи Ҷаҳондӯст «Чист олам? Чист одам? Чист Ҳақ?» дар «Ҷовиднома» қобили таваҷҷӯҳ аст. Аз ҷумла Мавлоно чунин мефармояд:
Одамӣ шамшеру Ҳақ шамшерзан,
Олам ин шамшерро санги фасан.
Шарқ Ҳақро диду оламро надид,
Ғарб дар олам хазид, аз Хақ рамид.
Банда чун аз зиндагӣ гирад барот,
Ҳам Худо он бандаро гӯяд салот.
Ҳар кӣ аз тақдири хеш огоҳ нест,
Хоки ӯ бо сӯзи ҷон ҳамроҳ нест.
Иқболи Лоҳурӣ кӯшиш кардааст, ки оммаро аз тамоми шаклҳои истисмори иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавӣ раҳоӣ бахшида, мақому мартабаи олии инсонро ба ӯ бозгардонад. Ӯ навиштааст: «Бешак инсон қодир аст аз табиати хеш болотар равад, то унсури собити ҳастӣ гардад. Ҳаёти инсон монанди барги гул хеле нозук аст, вале рӯҳи ӯ аз ҷиҳати қуввату неру дар тамоми олам назире надорад». Инсон барои ба ҳадафи хеш расидан, яъне дар иҷрои амонати базиммагирифтааш набояд аз мушкилот ҳаросад, балки камари хешро барои бунёди олами барои ӯ созгор бандад. Зиндагӣ, ба ақидаи Иқболи Лоҳурӣ, танҳо дар он сурат маъниву мақсад пайдо мекунад, ки мазмуни онро халлоқият, эҷодкорӣ ва шӯру завқи ҳастӣ ташкил диҳад:
Зиндаӣ? Муштоқ шав, халлоқ шав,
Ҳамчу моҳ гирандаи офоқ шав.
Даршикан онро, ки н-ояд созгор,
Аз замири худ дигар олам биёр.
Фаъолияти эҷодкорона барои Иқболи Лоҳурӣ чунон муҳим аст, ки инсони аз он маҳрумро кофиру зиндиқ хондааст:
Ҳар ки ӯро қуввати тахлиқ нест,
Пеши мо ҷуз кофару зиндиқ нест.
Марди Ҳақ! Буранда чун шамшер бош,
Худ ҷаҳони хешро тадбир бош!
Нишони дигари «инсони комил»-и Иқболи Лоҳурӣ озодӣ ё ҳуррияти комили ӯст. Иқболи Лоҳурӣ тамоми дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва сиёсии кишварашро ба пайдошавии «инсони комил» сахт марбут медонист. Нишонаи чунин мард фаъолӣ, созандагӣ ва халлоқият аст. Барои барҳам додани беадолатии иҷтимоӣ ва он ҷаҳони носозгор Иқболи Лоҳурӣ инқилобро орзу мекард.
Нишонаи аз ҳама муҳимми «инсони комил»-и Иқболи Лоҳурӣ ишқу завқи вуҷуд аст.
Навои ишқро соз аст одам,
Кушояд розу худ роз аст одам.
Ҷаҳон ӯ офарид, ин хубтар сохт,
Магар бо Эзад анбоз аст одам?
Ҷаҳонбинии фалсафӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ташаккулёбии ҷаҳонбинии фалсафии Иқболи Лоҳурӣ муборизаҳои озодихоҳонаи халқҳои Ҳинд ба муқобили мустамликадорони инглис ва таълимоти файласуфон Ҷ. Беркли, А. Вайтҳед, А. Бергсон ва дигарон таъсири муҳим доштаанд. Маркази низоми фалсафии Иқболро таълимот оид ба шахсият ё зоти инсон ташкил медиҳад, ки бо номи фалсафаи «худӣ» машҳур мебошад. Иқболи Лоҳурӣ моддигароиро дар ягон шакл қабул надошт, зеро ба андешаи ӯ, моддигароӣ танҳо ба қонеъ гардонидани талаботи моддӣ тавъам буда, сайри маънавии инсонро ба эътибор намегирад. Нуктаҳои муҳимтарини ҷаҳонбинии Иқболи Лоҳурӣ, ки дар осори мансур, бахусус дар асари фалсафии ӯ «Эҳёи фикри динӣ дар ислом» дарҷ ёфтаанд, аз инҳо иборатанд: 1. Бо такя ба назариёти Беркли ва Вайтҳед Иқболи Лоҳурӣ кӯшиш намудааст, ки ғайри қобили қабул будани назарияи моддигароиро оид ба модда собит созад, зеро ба андешаи ӯ танҳо он ашёе вуҷуд дошта метавонанд, ки дар зеҳни одам вуҷуд доранд. 2. Моддигароиро инкор намуда, Иқболи Лоҳурӣ мавқеи динро аз роҳи далелҳои фалсафӣ тақвият бахшидааст. 3. Тасаввури манзараи мошиннигарии ҷаҳон, ба андешаи Иқболи Лоҳурӣ, наметавонад қисми зиёди падидаҳои олам ва махсусан ҳодисаҳои зиндагӣ ва худогоҳиро, ки онҳоро ӯ сатҳи дигари таҷриба меҳисобид, шарҳу тавзеҳ намояд. 4. Зиндагӣ ҷараёни беинтиҳоест, ки таваққуф ва сукун надорад. Ин чунин маъно дорад, ки зиндагӣ тағйирёбии пайвастаест, ки хориҷ аз замон тасаввурнашаванда мебошад. Маънои мавҷудияти худогоҳӣ — зиндагӣ дар замон аст ва замон унсури муҳимми ҳақиқати ниҳоӣ мебошад. 5. Табиати ниҳоии воқеият маънавӣ мебошад ва бояд ҳамчун «худӣ» фаҳмида шавад. 6. Дин дар қиёс бо фалсафа бо воқеият тамоси бештар дорад, зеро фалсафа назария ҳасту дин худи зиндагист.
Ба ақидаи ӯ вазифаи инсон тасхир кардани табиат ва ошкор кардани қудрати илоҳӣ мебошад. Ба ақидаи Иқболи Лоҳурӣ: 1. Одамӣ бо неру ва истеъдод ва созгор кардани қувваҳои мухталиф муҷаҳҳаз аст, ҳарчанд аз ҳар тараф қувваҳои мухолиф ва монеъ ӯро иҳота кардаанд. 2. Инсон мавҷуди «беором»-ест, ки метавонад ҳар гуна ранҷу роҳате барои худ фароҳам оварад. Бо ҳама нақсҳо ва заъфҳояш бар табиат бартарӣ дорад, чун дар даруни худ ҳомили амонати бузургест. 3. Вазифаи одамӣ он аст, ки дар сохтмони ҳастӣ унсури ҷовидонӣ шавад. 4. Ҳангоме ки одамӣ маҷзуби неруҳое мешавад, ки ӯро иҳота кардаанд, қудрати онро дорад, ки ба ин неруҳо шакл диҳад ва онҳоро роҳбарӣ кунад. Ҳар вақт, ки он неруҳо садди роҳи ӯ шаванд, қобилияти онро дорад, ки дар жарфнои вуҷуди дарунии хеш ҷаҳони васеътаре бисозад ва дар ин ҷаҳон сарчашмаҳои шодӣ ва илҳоми бепоёнро кашф кунад. Сарнавиште сахт ва вуҷуде ҳамчу барги гул заифу зудшикан дорад, вале ҳеч шакле аз воқеият ба андозаи нафси одамӣ неруманд, илҳомбахш ва зебо нест. 5. Қисмати одамӣ ин аст, ки дар жарфтарин баландпарвозиҳои ҷаҳони атрофи хеш ширкат ҷӯяд ва ба сарнавишти хеш ва низ ба сарнавишти табиат шакл диҳад ва ин корро гоҳ бо ҳамсоз кардани худ бо неруҳои табиат ва гоҳ аз тариқи ба кор андохтани ҳамаи нерумандии хеш барои ба қолиб рехтани табиат (корҳои созанда) ба анҷом бирасонад. 6. Агар аз тарафи ӯ иқдом нашавад ва сарвати дарунии хешро ошкор насозад, он гоҳ рӯҳе, ки дар даруни ӯст чун санг мешавад ва худ ба сурати моддаи беҷоне дармеояд.
Таълимоти иҷтимоъӣ-сиёсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар бораи сабабҳои ақибмонии кишварҳои Ховар ба андеша рафта, Иқболи Лоҳурӣ омилҳои бисёреро пайдо кард, ки онҳоро сабабҳои асосии пеш нарафтану тараққӣ накардани ин кишварҳо меҳисобид. Самти иҷтимоӣ-сиёсии фаъолияти Иқболи Лоҳурӣ бевосита бо ҳалли масъалаи ташкили давлати мустақили мусулмонон иртибот дошт. Муҳаққиқони эҷодиёти Иқболи Лоҳурӣ соли 1933 дар заминаи суханронии таърихии ӯ дар Кунгураи мусулмонони Ҳинд дар Аллоҳобод ӯро «меъмори Покистон» ҳисобиданд ва ин суханрониашро бо номи «Хитобае, ки кишвареро ба вуҷуд овард» номгузорӣ намудаанд. Иқболи Лоҳурӣ ҳамватанони худро дар он гунаҳкор меҳисобид, ки ба моҳияти аслии Қуръон на фақат сарфаҳм нарафтаанд, балки дар зери таъсири интишори ғояҳои мулҳидонаи аврупоӣ ва таваҷҷуҳ ба тарзи ҳаёти аврупоӣ аз он дур шуда, аз маъниҳои он дур мондаанд. Ӯ таъкид менамояд, ки ислом танҳо бо умури зеҳнӣ маҳдуд нашуда, ба падидаҳои муҳимми зиндагӣ низ таваҷҷуҳи бузург дорад: «Ҳадафи ислом мунҳасир дар умури зеҳнии фард нест ва инсонро аз таваҷҷуҳ ба он чӣ дар атрофи ӯ рух медиҳад, бознамедорад, балки ислом биноест барои тарбият, ба наҳве ки ба фард салоҳият ва шоистагии онро медиҳад, ки аз вуҷуди ӯ ва ғайри ӯ иҷтимое ба вуҷуд ояд бо низомоти саҳеҳ ва устувор».
Дар таъсиси кишвари исломӣ дар Ҳинд Иқболи Лоҳурӣ манфиатҳои тарафайнро эҳсос мекард: «Ман ташкили як давлати пойдори исломиро ҳам ба нафъи Ҳиндустон медонам ва ҳам ба нафъи мусулмонони он. Барои Ҳиндустон таъсиси чунин давлате иборат аст аз таъмини оромиш ва сулҳ, ки ношӣ аз тавозуни қудрати дохилӣ аст».
Иқболи Лоҳурӣ аз ҷавонон даъват мекард, ки илмҳои муосир ва махсусан он илмҳоеро, ки дар пешрафти илмиву техникии соҳаи саноат мусоидат карда метавонанд, биомӯзанд: «Имрӯз барои мо адабиёту фалсафа аҳаммияти болиғе надоранд. Таваҷҷуҳатонро ба техника, ки муассиси он мусулмонон буданд ва имрӯз дар Аврупо мавриди истифода қарор дошта, натоиҷи бузурге ба даст овардаанд, равона намоед» (Шоҳин Муқаддам Сафёрӣ. Шинохти Иқбол. Теҳрон, 1992). Касе, ки бихоҳад муҳити номатлуберо тағйир диҳад, ногузир аст вуҷуди зеҳнӣ ва муҳити дарунии худро тағйир диҳад. Танҳо ҳамин имон аст, ки назари миллалро мутаваҷҷеҳи ҳадафашон месозад ва онҳоро аз ҳайрат ва тардиди мустамир наҷот медиҳад. Аз тарафи ҳеч кас ва ҳеч мақоме интизори чизе набошед. «Худӣ»-и худатонро фақат дар ниҳоди хеш мутамаркиз кунед ва агар бихоҳед омолу орзуҳои худро таҳаққуқ диҳед, бояд гили кӯзаи худатонро мардона бо дасти худатон таҳия кунед. Дастури Мусолини ин буд, ки мегуфт: «Касе, ки оҳан дорад, нон дорад». Ман ба худ ҷуръат медиҳам ва бо тасарруфи мухтасаре дар ин дастур мегӯям: «Касе, ки оҳан бошад, ҳама чиз хоҳад дошт». Иқболи Лоҳурӣ ба насли ҷавон муроҷиат намуда гуфта буд: «Сахт бошед ва сахт бикӯшед. Ин аст рози куллии ҳаёти фардӣ ва зиндагии дастҷамъӣ».
Вазъи нобасомони занон
[вироиш | вироиши манбаъ]Вазъи нобасомони занон низ яке аз масоили ҷавҳарии ислоҳгароёни исломӣ ба ҳисоб мерафт. Иқболи Лоҳурӣ низ ба он таваҷҷуҳи махсус нишон дода, масъалаҳои беҳуқуқӣ, бисёрникоҳӣ, бесаводӣ ва амсоли инро ба миён оварда, собит мекунад, ки дар чунин ҳолати асафбори занон ислом гунаҳкор нест. Ӯ дар чунин вазъи беҳуқуқии занон тамоми ҷомеаро гунаҳкор медонист ва муътақид буд, ки вазифаҳо ва масъулиятҳои бузурги занро Худованд таъйин кардааст ва муқобили он роҳ паймудан хилофи ақли солим мебошад. Иқболи Лоҳурӣ фаҳмиши аврупоии озодиҳои занро қабул надошт ва онҳоро хилофи ахлоқи исломӣ дониста, занонро аз оқибатҳо ва самараҳои нохуши чунин озодиҳо барҳазар медошт: «Занони покгавҳар бояд худро аз заволёбии ҷомеа ҳифз намоянд: рисолати муқаддас ва бузургтарини зан латофати занонаи ӯст. Набояд дунболи лафзи „озодӣ“ рафт, балки сари он андеша бояд кард. Мо аз он озодие, ки дар Аврупо пешниҳод гардидааст, ба чашмони сари хеш дидаем, агар мо бихоҳем аз он озодӣ сухан бигӯем, мӯйи баданамон рост хоҳад шуд».
Дар китоби аввалини хеш «Илму-л-иқтисод» Иқболи Лоҳурӣ гуфта буд, ки инсоният дар ҳоли заволи ахлоқӣ қарор дорад, аз ин рӯ, инҳирофоте, ки дар ин самт ба назар мерасанд, шармовар мебошанд ва агар тавонем, ки онҳоро шифо бахшем, олам гулистон хоҳад шуд. Иқболи Лоҳурӣ рисолати занро дар модар буданаш эътироф намуда, таълиму тарбияи фарзандони солимро ҷузъи ҷудонашавандаи мақому манзалат ва рисолати вай ҳисоб мекунад:
Эй ридоят пардаи номуси мо,
Тоби ту сармояи фонуси мо.
Тинати поки ту моро раҳмат аст,
Қуввати дину асоси миллат аст.
Кӯдаки мо чун лаб аз шири ту шуст,
«Ло илоҳ» омӯхтӣ ӯро нахуст.
Метарошад меҳри ту атвори мо,
Фикри мо, гуфтори мо, кирдори мо.
Иқболи Лоҳурӣ ғояеро талқин менамояд, ки ислом ҳам тамаддун ҳасту ҳам низоми бутуни ҳуқуқӣ ва ҳам танзимгари ҳаёти ҷомеа ва шахс. Мизони «инсони нав» ҳамеша дар ҳоли таҳаввулу тағйирот қарор дорад ва таълиму тарбияи шахсияти комил ва дорои ахлоқи олӣ муҳимтарин вазифаи ҷомеа хоҳад буд. Иқболи Лоҳурӣ такя бар насли ҷавон доштани худро ошкоро таъкид мекунад ва барои ҳамин дар поёни маснавӣ нигаронии хешро ифшо кардааст:
Ман ки навмедам зи ёрони куҳан,
Дорам аз рӯзе, ки меояд сухан.
Бар ҷавонон саҳл кун ҳарфи маро,
Баҳрашон поёб кун жарфи маро.
Дар маркази таваҷҷуҳи Иқболи Лоҳурӣ инсон ва масоили мутааллиқ ба вай, мас., камолоти маънавӣ-ахлоқии инсон, тарбия ва парвариши насли ҷавон ва ғ. қарор гирифтаанд. Дар аксари асарҳои ӯ ғояи рисолати олии инсон, масъулият ва ҷавобгарии ӯ дар назди ҷомеа, арзишҳои ахлоқӣ-маънавии шахсият мавқеи марказиро ишғол мекунанд. Мас., «Қисмати одамӣ ин аст, ки дар жарфтарин баландпарвозиҳои ҷаҳони атрофи хеш ширкат ҷӯяд ва ба сарнавишти хеш ва низ ба сарнавишти табиат шакл диҳад ва ин корро гоҳ бо ҳамсоз кардани худ бо неруҳои табиат ва гоҳ аз тариқи ба кор андохтани ҳамаи неруи хеш барои ба қолиб рехтани табиат бино бар ҳадаф ва ғаразе, ки худ дорад, ба анҷом бирасонад. Дар ин фароянди тағйири тадриҷӣ Худо ёру мададгори одамӣ хоҳад буд, ба шарти ин ки аз ҷониби худи ӯ иқдоме бишавад».
Мавзӯи асосии фалсафаи ӯ — «Ман», табиат ва мушаххасоти он, муносибат ба муҳит, худшиносӣ, худошиносӣ ва ғ. мебошад. Ба андешаи Иқболи Лоҳурӣ инсон офаридгор аст: моҳияти вуҷуди вайро фаъолият ва амал кардан ташкил медиҳад, инсон маҳз барои халлоқияташ халифаи Худо дар замин мебошад. «Мактабҳои асилтари тасаввуф, бидуни шак, бо шакл додан ва тавҷеҳи такомули таҷрибаи динӣ дар ислом хидмати бузургеро анҷом додаанд, вале намояндагони рӯзҳои ахири ин мактабҳо аз ҷиҳати ҷалбе, ки нисбат ба рӯҳияи замони ҷадид илҳомпазиранд, баъзе арзишҳои некро аз каф додаанд». Натиҷа ин аст, ки Шарқи ғайрифаъол дар асорати ғуломии Ғарби фаъол боқӣ монд. Аз ин рӯ, нақш ва мақоми инсон дар олам на танҳо дорои аҳаммияти фалсафӣ, балки сиёсӣ низ мебошад. Андешаҳои Иқболи Лоҳурӣ дар шакли мукаммалшуда дар маснавии «Асрори худӣ» инъикос шудаанд.
Ҷаҳонбинии динӣ-фалсафӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Иқболи Лоҳурӣ эҳёкунандаи ислом буд, бинобар ин, рушди фикрии ӯро дар наҳзати эҳёи исломӣ метавон дарк кард. Ӯ мегуфт, ки падарам ҳамеша маро насиҳат мекард ва аз ман хоста буд, ки: «Писарам, ҳунари худатро дар роҳи хидмат ба ислом сарф кун». Ба андешаи Иқболи Лоҳурӣ дин на танҳо андеша, фаъолият, балки ифодаи моҳияти ҳастии инсон мебошад. Дин на танҳо асоси ахлоқии инсон, балки манбаи фаъолият, сарчашмаи нерубахши камолоту саодати ӯст:
Фош мехоҳӣ агар асрори дин,
Ҷуз ба аъмоқи замири худ мабин.
Гар набинӣ, дини ту маҷбурӣ аст,
Инчунин дин аз Худо маҳҷурӣ аст.
Иқболи Лоҳурӣ таълимоти диниеро, ки пайравонашро аз зиндагии солим ва фаъолияти пурсамар манъ намояд, ҷонибдорӣ намекунад. Ин гуна динро ӯ «сеҳру ҷоду» ва «ҳабби афюн» мешуморад:
Войи дине, ки хоб орад туро,
Боз дар хоби гарон дорад туро.
Сеҳру афсун аст ё дин аст ин?
Ҳабби афюн аст ё дин аст ин?
Иқболи Лоҳурӣ мегӯяд, ки барои пешрафту бозсозии уммати исломӣ ба ду чиз ниёзи бештаре ҳаст: яке ислоҳи фарҳангу тамаддун ва дигаре таваҷҷуҳи таълимоти умумию таҳсилот. Ба ақидаи ӯ, дар вазъи ҷаҳони тағйирёбанда, агар мусулмонон натавонанд илми каломи ҷадидеро халқ намоянд ва қонуни исломиро аз сари нав мураттаб насозанд, ислом, монанди адёни дигар, ба зиндагии хеш идома медиҳад ва фақат ба унвони як дин хоҳад монд, вале ба унвони як фарҳангу тамаддун ва ё низому қонуни зиндагӣ наметавонад боқӣ монад. Ӯ бо эҳёи фикри динӣ дар ислом кӯшиш намудааст, ки ҷомеаи исломиро ваҳдат бахшида, кишварҳои исломиро аз анвои зиллатҳои иҷтимоиву фарҳангӣ наҷот диҳад, то ки як зиндагии озод ва неруманд насибашон гардад.
Тамаддуни Ғарб
[вироиш | вироиши манбаъ]Яке аз масъалаҳои шоёни таваҷҷуҳи ашъори Иқболи Лоҳурӣ мавқеи устувори ғарбситезии ӯст, ки қариб дар тамоми осори назмии ӯ ҷилвагар мешавад. Ӯ масъалаи сиёсати истеъморгарони кишварҳои Ғарбро мавриди интиқоди ҷиддӣ қарор додааст. Дар баробари Иқболи Лоҳурӣ садҳо нафар ҳамватанонаш ба Аврупо сафар карда буданд, вале аксарашон таблиғгарони тарзи ҳаёти аврупоӣ шуданд ва ё тамаддуну фарҳанги онҳоро дар муқобили фарҳанги шарқиён муқаддаму афзалтар ҳисобиданд. Вале чаро Иқболи Лоҳурӣ бар зидди Ғарб меситезад? Чӣ омил муҷиб шудааст, ки ӯ то ин ҳад ба Ғарб бадбин шавад? Иқболи Лоҳурӣ фалсафаи Юнонро мавриди танқид қарор дода, андешаҳои Афлотун ва Арастуро сабаби гумроҳии мутафаккирони Шарқ ва дур шудан аз шинохти ҳақиқати ҷаҳон меҳисобад:
Роҳиби дерина Афлотун ҳаким,
Аз гурӯҳи гӯсфандони қадим.
Рахши ӯ дар зулмати маъқул гум,
Дар кӯҳистони вуҷуд афканда сум.
Гуфт сирри зиндагӣ дар мурдан аст.
Шамъро сад ҷилва аз афсурдан аст.
Бар тахайюлҳои мо фармонравост,
Ҷоми ӯ хобовару гетирабост.
Гӯсфанде дар либоси одам аст,
Ҳукми ӯ бар ҷони суфӣ маҳкам аст.
Фикри Афлотун зиёнро суд гуфт,
Ҳикмати ӯ будро нобуд гуфт.
Иқболи Лоҳурӣ мустамликадорони Ғарбро ғоратгарони Шарқ, раҳзанон, чингизиёни муосир, соҳир ва ғ. номидааст:
Фарёд зи Афрангу диловезии Афранг,
Фарёд зи Шириниву Парвезии Афранг.
Олам ҳама вайрона зи Чингизии Афранг,
Меъмори Ҳарам! Боз ба таъмири ҷаҳон хез!
Ғояҳои инсондӯстию мардумсолорӣ ва фалсафаи Иқболи Лоҳурӣ дар пешрафти андешаҳои фалсафии Ҳинду Покистон ва умуман Машриқзамин таъсири мусбат расонидааст. Дар Лоҳур аз соли 1953 инҷониб ҷамъияте бо номи «Базми Иқбол» фаъолият мекунад. Иқболи Лоҳурӣ солҳои охири ҳаёташ ба ҳаёти сиёсии кишвар ҳамроҳ шуда, ғояи мавҷудияти ду миллат — ҳинду ва мусулмонро тарафдорӣ намудааст. Аз ин рӯ, ӯро беҳуда падари маънавии Покистон нагуфтаанд. Ӯ дар бораи тақдири ҳамватанон ва сабабҳои ақибмонии панҷасраи Машриқзамин ба андеша рафта, ба чунин хулоса омадааст, ки ҷомеаи мусулмонон ва тарзи ҳаёту андешаи онҳоро бояд дар мисоли ислоҳгароии аврупоӣ мавриди ислоҳ қарор дод. Дар ин мавзӯъ ӯ дар шаҳрҳои Ҳайдаробод, Алигарҳ ва Мадрас маърӯзаҳо кард, ки соли 1932 дар шакли китоби алоҳидае бо номи «Таҷдиди фикри динӣ дар ислом» ба нашр расиданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 McDonough S. D. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Babelio (фр.) — 2007.
- ↑ 3.0 3.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ CONOR.Sl
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иқбол Муҳаммад / А. Ғаффоров, З. Ғаффорова, И. Зиёев // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- allamaiqbal.com(англ.) — вебгоҳи расмии Иқболи Лоҳурӣ