Jump to content

Луи Блерио

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Луи Блерио
фр. Louis Blériot
Сурат
Таърихи таваллуд 1 июл 1872(1872-07-01)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1 август 1936(1936-08-01)[1] (64 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша халабон, муҳандис, ихтироъкор, муҳандиси ҳавофазо, тоҷир
Ҷоизаҳо
Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Луи́ Блерио́ (фр. Louis Blériot; 1 июл 1872, Камбре — 2 августи 1936, Порис) — ихтироъкор, авиатор ва соҳибкори фаронсавӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1895 маълумоти муҳандисӣ гирифта, ҳамчун соҳибкор истеҳсоли фонусҳоро ба роҳ монд. Соли 1907 нахустин аэро­планро сохт. Блерео аввалин ҳавонавардест, ки гул. Ла-Манш­ро 25 июли 1909 парвоз карда гузаштааст ва нахустин фаронсавиест, ки шаҳодат­номаи ҳавонавардиро гирифтааст. Мо­ноплани Блерео бар хилофи биплани амрикоиҳо ва англисҳо мукаммалтар буд. Блерео аэроплани худро сол аз сол такмил медод. Соли 1914 бо ширкати худ «Blériot Aéro­nautique» дороиҳои ширкати калонтарини авиатсиониии SPAD-ро, ки дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ зиёда аз 10000 мошини авиатсиониро сохта буд, харид. Баъди ҷанг Блерео истеҳсоли мототсиклҳоро ба роҳ монд, вале кораш омад накард. Истеҳсоли мототсикли намунаи ягонаи муҳаррикаш 500 см3 соли 1923 қатъ гардид. Ширкати Блерео сохтани тайёраҳоро дар давраи байниҷангӣ низ давом дод. Аз ҷумла солҳои 1923-26 тайёраҳ, мои мусофирбари Blériot-115, 135, 155, 165, соли 1926 бомбаандози ду­муҳаррикаи Blériot-127, соли 1931 тайёраи мусофирбари дуфюзеляжии думуҳарри­каи Blériot-125, киштии парвозкунандаи трансатлантикии таҷрибавии Blériot-5190 низ дар ширкати Блерео. сохта шуданд.

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. Louis Charles Joseph Bleriot (фр.)ministère de la Culture.
  3. Crouch T. D. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  4. 4.0 4.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118659049 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.