Маскав
Шаҳр | |||||
Москва | |||||
|
|||||
Кишвар | Русия | ||||
минтақа | Маскав | ||||
Роҳбар | Сергей Собянин | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 1147 | ||||
Аввалин номбарӣ | 4 апрел 1147[4][5] | ||||
Номҳои пешина | Кучково | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 156 м | ||||
Навъи иқлим | нарми қитъагӣ | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+3:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | 13010112[1] тан (2021) | ||||
Зичӣ | 4823 тан/км² | ||||
Агломератсия | 15 512 000[2] | ||||
Миллият | русҳо (91,65 %), украинҳо (1,42 %), тоторҳо (1,38 %), арманҳо (0,98 %), озарбойҷонҳо (0,53 %), яҳудиён (0,49 %)[3] | ||||
Эътиқодот | насрониён, мусулмонон, | ||||
Номи қавмӣ | москвич | ||||
Забони расмӣ | русӣ | ||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 495, 496, 498, 499 | ||||
Нишонаи почта | 101001–135999 | ||||
Коди мошин | 77, 97, 99, 177, 197, 199, 777 ва 799 | ||||
mos.ru(рус.)(англ.) | |||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Маскав (произношение ) — пойтахт Федеросиюни Русия, шаҳри федералӣ, маркази маъмурӣ маркази ҳавзаи федералӣ ва маркази вилояти Маскав[6], ки дар итоати ин вилоят, дохил намешавад. Бузургтарин аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ, шаҳри Русия ва субъектҳои ӯ. Яке аз даҳ шаҳри сераҳолитарини дунё ба шумор меравад[7].
Пойтахти таърихии мулки Ҳокимони бузурги Маскав, подшоҳии Рус, Русияи шоҳаншоҳӣ (дар солҳои 1728—1730), Русияи Шуравӣ ва ИҶШС. Шаҳри Қаҳрамоншаҳр. Дар Маскав узвҳои давлатии Русия (ба ғайр аз Суди Конститутсионӣ), сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ қарор доранд.
Мавқеъи ҷуғрофӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Маскав дар маркази қисми Аврупои Русия, байни дарёҳои Ока ва Волга, дар васли баландии Смоленску-Маскав (дар ғарб), ва дашти Москворетску-Ока (дар шарқ) ва пастхамии Мещёрск (дар ҷанубу-шарқ) қарор дорад. Замини шаҳр баъди дигаркунии сарҳади шаҳр, ки соли 2012 шуда гузашт, ба марраи 2511 км² расид[8]. Сеяки шаҳр, ки 870 км²-ро ташкил мекунад, дар ҳалқаи роҳи автомобилгарди дохилӣ мавқеъ гирифтааст. Боқимонда 1641 км² — паси ин роҳ ҷой дорад.
Баландии миёна 156 метр аз сатҳи баҳр мавқеъ гирифтааст. Аз ҳама баландтарин нуқта дар баландии Теплостанск, ки 255 метрро аз сатҳи баҳр ба ҳисоб меравад[9], аз ҳама нуқтаи паст дар наздикии пули Бесединск, ки дарёи Маскав берун аз шаҳр мешавад, баландии ин нуқта 114,2 метр аз сатҳи баҳр ташкил мекунад[10]. Дарозии Маскав аз шимол ба ҷануб дар ҳудуди роҳи автомобилгарди дохилӣ — 38 км, берун аз ин ҳудуд — 51,7 км, аз ғарб ба шарқ — 39,7 км.
Иқлим
[вироиш | вироиши манбаъ]Иклими Маскав континенталии муътадил буда, зимистонаш 4 моҳ давом мекунад, харорати хаво хунуктар аз 0 °C аст, аз−20 °C, то −25..−30 °C аст. Дар моҳҳои тобистон харорати хаво +15 °C то +20 °C аст.
Иқлими Маскав | |||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Нишондод | Янв. | Фев. | Март | Апр. | Май | Июн | Июл | Авг. | Сен. | Окт. | Нояб. | Дек. | Сол |
Максимуми мутлақ, °C | 8,6 | 8,3 | 19,7 | 28,9 | 33,2 | 34,7 | 38,2 | 37,3 | 32,3 | 24,0 | 16,2 | 9,6 | 38,2 |
Максимуми миёна, °C | −4 | −3,7 | 2,6 | 11,3 | 18,6 | 22,0 | 24,3 | 21,9 | 15,7 | 8,7 | 0,9 | −3 | 9,6 |
Ҳарорати миёна, °C | −6,5 | −6,7 | −1 | 6,7 | 13,2 | 17,0 | 19,2 | 17,0 | 11,3 | 5,6 | −1,2 | −5,2 | 5,8 |
Минимуми миёна, °C | −9,1 | −9,8 | −4,4 | 2,2 | 7,7 | 12,1 | 14,4 | 12,5 | 7,4 | 2,7 | −3,3 | −7,6 | 2,1 |
Минимуми мутлақ, °C | −42,2 | −38,2 | −32,4 | −21 | −7,5 | −2,3 | 1,3 | −1,2 | −8,5 | −20,3 | −32,8 | −38,8 | −42,2 |
Андозаи бориш, мм | 52 | 41 | 35 | 37 | 49 | 80 | 85 | 82 | 68 | 71 | 55 | 52 | 707 |
Сарчашма: Боду ҳаво ва иқлим |
Хок, олами набототу ҳайвонот
[вироиш | вироиши манбаъ]Маскав дар минтақаи ҷангалҳои дарахтони сӯзанбарг ва паҳнбарг воқеъ буда, дар он ҷангалҳо, ботлоқзорҳо, марғзору алафзорҳо дар дарёбодҳо дида мешаванд. Дар ҷангалу бешабоғҳо рӯбоҳ, қоқум, миримушон, хази сиёҳ, вашақ, харгӯши сафед, санҷоб ва ғ. ба сар мебаранд. Дар ноҳияҳои марказии шаҳр, ки зич шаҳрсозӣ шуда, сабзазор кам аст, кабӯтари кабуд, зоғи ало, гунҷишк, досак ва ғайра лона месозанд. Дар ноҳияҳои ҷанубу ғарб бошандагони ҷангалҳои сӯзанбаргу паҳнбарг – шоҳгавазн, оҳу, хуки ваҳшӣ, савсор, санҷоб, муш, калламуш, хорпушт, аз парандагон – эзорсурхак, чағук, чумчуқ, таранд ва ғайра. бештаранд. Дар обанборҳо қундузи дарёӣ, вашақ, аз моҳиҳо – шӯртан (навъи равғанмоҳӣ), налим, аломоҳӣ, симмоҳӣ, суфмоҳӣ, ҷумҷумамоҳӣ, моҳии сафед ва ғ. дида мешаванд.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]90,2%-и аҳолии Маскав-ро русҳо, 0,8% – тоторҳо, 0,7% – арманиҳо, 0,6% – украинҳо, 0,4% – гурҷиҳо, 0,3% – озариҳо, 0,3% – яҳудиҳо, 0,3% – узбекҳо, 0,2% – тоҷикон, 0,2% – молдавиҳо, 0,1% – беларусҳо ва ғайра ташкил медиҳанд (2021). Зичии миёнаи аҳолӣ 5,134 ҳазор нафар/км2 (2024).
Дин
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Маскав расман 565 муассисаи динии православӣ, 111 ҷамоаи пайравони мазҳаби инҷилиҳои чаҳоргона, 58 муассисаи мазҳаби яҳудӣ, 52 муассисаи мусалмонӣ, 45 ҷамоаи пайравони баптистҳо, 32 ҷамоаи пресвитеранӣ, ҳамчунин ташкилоти мазҳаби буддоӣ, католикӣ, калисои арманӣ ва ғайра ба қайд гирифта шудаанд.
Иқтисодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Нахустин бор вожаи «Московъ» дар «Солномаи Ипатевӣ», зимни баёни маҳалли мулоқоти ҳокими Ростову Суздал – Юрий Долгорукий бо ҳампаймонаш ҳокими Новгород – Святослав Олегович, ки таърихи 4–5.4.1147 баргузор гардида буд, ёдоварӣ шудааст. «Солномаи Твер» сохтмони аввалин истеҳкоми аз чӯбу хок сохташудаи наздикии теппаи Боровитскийро ба соли 1156 нисбат додааст.
Шаҳр дар рафти воқеаҳои ҷанги дохилии солҳои 1174–76 ёдоварӣ гардида, таъкид мешавад, ки тирамоҳи соли 1176 Маскав ва деҳаҳои атрофи он ҳангоми ҳамлаи ҳокими Рязан княз Глеб Ростиславич ба коми оташ кашида шуданд, вале шащр ба зудӣ барқарор гардид. Январи соли 1238 Маскав дар натиҷаи истилои тотору муғулҳо сахт осеб дида буд.
Дар ибтидои асри 14, тибқи васиятномаи княз Александр Невский, Маскав мулки хоссаи писари хурдии ӯ Даниил Александрович гардида буд, ки минбаъд барои барпо гардидани князии Маскав (аз охири асри 14 Князии Кабири Маскав) замина гузошт. Солҳои 1368 ва 1370 Маскав дар муҳосираи князи литвонӣ Олгерд монд, вале соли 1382 лашкари Тухтамиш бо роҳи фиребу найранг вориди шаҳр гардид, онро ғорат карда ба коми оташ кашид.
Солҳои 1478–1712 пойтахти давлати Руссия. Аз охири асри 15 то миёнаи асри 17 бино бар ҳозир набудани князи бузург (аз соли 1547 шоҳ), Маскав аз тарафи ашрофони интихобшуда – боярҳо идора мешуд, ки дар таърих ин давра бо номи «шурои боярҳо» машҳур аст. Дар аҳди опричина (1565–72) ва Дарбори хоссаи шоҳ Ивани IV Грозний Маскав таҳти назорати низоми худидорӣ қарор дошт. Дар Замони пурошӯб Маскав чун пойтахти давлат шоҳиди тамоми воқеаҳои муҳим – вожгун шудани шоҳ Фёдор Борисович Годунов, ба тахт нишастану сарнагун гардидани Дмитрийи Дурӯғини I, Василий Шуйский ва дигарон буд. Солҳои 1610–12 Маскав таҳти назорати низомиёни лаҳистониву литвонӣ қарор дошт. Дар асри 17 дар Маскав воқеаҳои муҳим – Ошӯби намак (1648), Ошӯби мис (1662) ва Шӯришҳои стрелетсҳо (1682 ва 1898) сар заданд.
Солҳои 1708–1929 маркази маъмурии губ. Маскав. Соли 1712 бо дастури Пётри I пойтахти давлат ба Санкт-Петербург интиқол дода шуд, вале Маскав мақоми «пойтахти дуюм»-ро нигоҳ дошт: дар ин ҷо дар калисои ҷомеи Успенскийи Кремл мисли пештара маросими ба тахт нишастани шоҳони рус баргузор мегардид.
Дар таърихи Маскав Ҷанги ватанӣ (1812) саҳифаи фоҷиабор маҳсуб меёбад. Субҳи барвақти 2(14).9.1812, тибқи қарори шурои низомӣ, Маскав-ро раҳо намуданд. Сипоҳиёни фаронсавӣ ба шаҳр ворид гардида, онро оташ заданд, ки давоми се ҳафта аксари бинову иншоот нобуд гардиданд.
Дар асри 19 – ибтидои асри 20 Маскав маркази бузурги саноатии Руссия гардид: соли 1851 байни Маскав ва Санкт-Петербург р. о. сохта шуда, тадриҷан Маскав ба пойгоҳи бузурги нақлиётӣ табдил ёфт.
Дар замони Инқилоби солҳои 1905–07 дар шаҳр бузургтарин ошӯб (декабри соли 1905) сар зад. 3(16). 11. соли 1917 дар Маскав ҳокимияти шуравӣ барпо гардид. Солҳои 1917–91 идораи шаҳр дар ихтиёри Шурои шаҳри Маскав (Моссовет, соли 1993 барҳам хӯрд) буд. 11.3.1918 аз Петроград ба Маскав ШКХ ва КМ Ҳизби коммунисти Руссия (болшевикӣ) кӯчиданд ва 12.3.1918 Маскав пойтахти ҶШФСР эълон гардид. Солҳои 1922–91 Маскав пойтахти ИҶШС буд. Аз соли 1929 маркази маъмурии вил. Маскав.
Дар давраи ҶБВ (1941–45) дар Маскав 16 дивизияи ихтиёриён (бештар аз 160 ҳазор нафар) ва дигар ҷузъу томҳои низомӣ ташкил гардид. Аксари корхонаҳои саноатии шаҳр ба минтақаҳои шарқии кишвар кӯчонида шуда, дар ҷойи онҳо корхонаҳои нав бунёд ёфтанд. Дар рафти набарди Маскав (1941–42) мудофеони шаҳр ҳамлаи артиши Олмони фашистиро рафъ намуда, ҳуҷуми ҷавобии Артиши Сурх нахустин амалиёти бобарори сарбозони шуравӣ гардид. Барои матонату қаҳрамонӣ дар мубориза ба муқобили истилогарони фашистӣ Маскав ба унвони ифтихории «Шаҳри Қаҳрамон» сарфароз шуд (1965). Дар набарди Маскав фиристодагони Тоҷикистон саҳм доштанд. Дивизияи 20-уми савораи дар Тоҷикистон ташкилёфта, бори нахуст дар рафти мудофиаи Маскав ба набард ворид гардид. Барои корнамоии ҷангӣ ва шуҷоату далерӣ ҷанговари тоҷик Муҳаммадӣ Иброҳимов бо ордени Ленин сарфароз шуд. Дар торумори душман дар назди Маскав С. Улуғзода, Р. Ҷалил, Б. Искандаров ва даҳҳо ҷанговари тоҷик корнамоӣ нишон доданд.
Соли 1991 дар Маскав мансаби раиси шаҳр (мэр) – мансабдори воломақоми ҳокимияти шаҳр таъсис дода шуд (солҳои 1991–92 ин вазифаро Г. Х. Попов, солҳои 1992–2010 – Ю. Маскав Лужков; аз 2010 – С. С. Собянин бар дӯш менамуданд). Аз 25.12.1991 Маскав пойтахти Федератсияи Руссия мебошад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Нақлиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Маориф
[вироиш | вироиши манбаъ]Фарҳанг
[вироиш | вироиши манбаъ]Намоишгоҳҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Осорхонаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Китобхонаҳо
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ С.Собянин, выступление в Московской городской Думе «Отчёт о результатах деятельности Правительства Москвы за 2011—2012 годы» Бойгонӣ шудааст 14 май 2013 сол. C. 4-5, «Большая Москва»
- ↑ Demographia. World Urban Areas & Population Projections. 8th Annual Edition April 2012 Demographia. World Urban Areas & Population Projections. 8th Annual Edition April 2012(англ.). Demographia.com. 2 июли 2012 санҷида шуд.
- ↑ Перепись 2002 года показала изменение национального состава населения Москвы. «Демоскоп» — Электронная версия бюллетеня «Население и общество». Институт демографии Государственного университета — Высшей школы экономики. 13 Январ 2009 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 августи 2011.
- ↑ Ипатьевская летопись (слав.-куҳн.) — 1500.
- ↑ http://dlib.rsl.ru/viewer/01003543120#?page=23
- ↑ Общероссийский классификатор объектов административно-территориального деления. Московская область. mosclassific.ru. 20 ноябри 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 феврали 2012.(пайванди дастнорас — таърих)
- ↑ [cite web|url=http://world-gazetteer.com/wg.php?x=&men=gcis&lng=en&des=wg&srt=npan&col=abcdefghinoq&msz=1500&pt=c&va=&srt=pnan%7Ctitle=Крупнейшие(пайванди дастнорас) города мира по населению|date=2010|publisher=world-gazetteer.com|accessdate=2011-09-12|lang=en|archiveurl=http://www.webcitation.org/659RyCRM5%7Carchivedate=2012-02-02(пайванди дастнорас)]
- ↑ Карта расширения границ Москвы Бойгонӣ шудааст 5 май 2014 сол. — сайт Правительства Москвы
- ↑ Памятник природы «Высшая точка Москвы — 255 м над уровнем моря (Тёплый Стан)». Государственный Дарвиновский музей. 20 май 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 августи 2011.
- ↑ Самая высокая и самая низкая точки Москвы. «Прогулки по Москве» (8 июни 2011). 30 апрели 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 май 2012.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Селиванов А. Ф., Забелин И. Е. Москва // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
- Москва : Энциклопедия / гл. ред. А. Л. Нарочницкий. — М. : Советская Энциклопедия, 1980. — 688 с., ил.
- Москва : Энциклопедия / Гл. ред. С. О. Шмидт ; Сост. : М. И. Андреев, В. М. Карев. — М. : Большая Российская энциклопедия, 1997. — 976 с. : ил.
- Москва / А. А. Попов; А. А. Тишков; А. Н. Прокинова; Л. А. Беляев, Н. А. Кренке, Б. Е. Янишевский, И. А. Бондаренко, Ю. Г. Клименко, И. Е. Печёнкин, Н. Н. Броновицкая, А. Ю. Броновицкая, А. С. Виноградова; Л. М. Старикова, Н. Э. Корсакова /2012/. А. А. Попов; А. А. Тишков; А. Н. Прокинова; В. В. Селевёрстов; Л. А. Беляев, Н. А. Кренке, Б. Е. Янишевский, И. А. Бондаренко, Ю. Г. Клименко, И. Е. Печёнкин, Н. Н. Броновицкая, А. Ю. Броновицкая, А. С. Виноградова; Л. М. Старикова, Н. Э. Корсакова /2018/. Актуализация: редакция БРЭ /2020/ // Большая российская энциклопедия. — М. : Большая российская энциклопедия, 2004—2017. — (Большая российская энциклопедия : [в 35 т.] / гл. ред. Ю. С. Осипов ; 2004—2017).
- Большой атлас Москвы / Московский гос. ун-т им. М. В. Ломоносова; картогр. основа — Роскартография ; науч. рук. Н. С. Касимов, В. С. Тикунов. — М.: Феория, 2013. — 999 с. — ISBN 978-5-91796-032-6. Бойгонӣ шудааст 5 апрели 2023 сол.
- Вахитов, Р. Р. Москвичи как сословие // Отечественные записки. — 2012. — № 3.
- Гиляровский В. А. Москва и москвичи. — М. : АСТ Астрель, 2005. — 511 с.
- Гиляровский В. А. Мои скитания / Москва газетная — М. : АСТ, 2007. — 508 с.
- Колодный Л. Е. Москва у нас одна. — М. : Политиздат, 1991.
- Московское великое княжество / Кучкин В. А. // Монголы — Наноматериалы. — М. : Большая российская энциклопедия, 2013. — С. 308—310. — (Большая российская энциклопедия : [в 35 т.] / гл. ред. Ю. С. Осипов ; 2004—2017, т. 21). — ISBN 978-5-85270-355-2. Бойгонӣ шудааст 17 октябри 2020 сол.
- Москва — Петербург : Pro et contra. Диалог культур в истории национального самосознания. Антология. — Северо-Западное отделение Российской академии образования, Русский христианский гуманитарный институт; (Составитель К. Г. Исупов. Отв. ред. Д. К. Бурлака). — СПб. : Изд-во РХГИ, 2000. — 711 с. ISBN 5-88812-067-7
- Пыляев М. И. Старая Москва: Рассказы из былой жизни первопрестольной столицы; (сост., предисл. и коммент. Ю. Н. Александрова). — Москва: АСТ Хранитель, 2007. — 762 c.
- Самойлов Б. Л., Морозова Г. В. Красная книга города Москвы. — М., 2001. — 930 с.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сайт правительства Москвы Бойгонӣ шудааст 25 феврали 2011 сол.
- Moscow.ru Бойгонӣ шудааст 24 май 2015 сол. (рус.) (англ.) (исп.) (олмонӣ) (фр.)
- Московский туристический портал (официальный) Бойгонӣ шудааст 14 апрели 2016 сол. (рус.) (англ.) (олмонӣ)
- Окликни улицы Москвы… Бойгонӣ шудааст 6 марти 2008 сол. на Грамота.ру
- Фотографии старой Москвы с привязкой к карте
- Москва — фотографии разных лет
- Путеводители и справочники 19-20 века по городу Москва в библиотеке Царское Село