Созмони Милали Муттаҳид
Созмони Милали Муттаҳид (СММ) — созмони байналмилалӣ аст, ки кишварҳои пирӯз дар ҷанги дувуми ҷаҳонӣ барои пуштибонӣ ва устувории сулҳу амният дар ҷаҳон ва густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳо бунёд кардаанд. Мақсади асосии СММ нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, инкишофи муносибатҳои аҳлона дар заминаи эҳтироми принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунӣ: ҳамкории байналмилалӣ доир ба ҳалли мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, ҳавасмандгардонӣ нисбат ба ҳуқуқи инсон ва амсоли инҳо мебошад.
Таърихи СММ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пеш аз СММ ташкилоти Лигаи Миллатҳо, дар соли 1919 таъсис дода шуда буд. Номи Созмони Милали Муттаҳид, аз тарафи президенти ИМА Франклин Д. Рузвелт пешкаш карда шуда буд, ва дар Эъломияи Созмони Милал 1 январи соли 1942 истифода бурда шуд, вақте ки намояндагони 26 давлатҳо аз номи ҳукумати худ муборизаро бар зидди Ҳитлер ба ӯхда гирифтанд.
Дар ҳоли ҳозир СММ 192 давлатро дарбар мегирад. Аз рӯйхати давлатҳои пазируфтаи мустақил, танҳо Ватикан ба СММ дохил нест.
Низомномаи СММ
[вироиш | вироиши манбаъ]Декларатсияҳо и конвенсияҳои СММ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сохтори СММ
[вироиш | вироиши манбаъ]Штаб-квартираи СММ дар шаҳри Ню-Йорк ҷойгир аст. Идораи асосии СММ ин:
- Маҷмаи умумӣ — (Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид),
- Шӯрои амният,
- Дабири кулл,
- Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ,
- Шӯро доир ба паноҳу муҳофизат,
- Додгоҳи адолати байналмилалӣ
- Котибот
иборат мебошанд.[1]
Фаъолияти СММ
[вироиш | вироиши манбаъ]СММ конференсияҳо ва форумҳо мегузаронад, ки дар онҷо ҳаллу фасли масъалаҳои байналмилалӣ муҳокима карда мешаванд. Ба он чунин масъалаҳо дохил мешаванд:
- Экология
- Иқтисодиёт
- Омор
- Амният
- Оила
- Маориф
- Аҳолӣ
- Ҷинояткорӣ
- Беҳдошти тандурустӣ
- Маъюбон
- Илм
- Барҷомондагон
- Kоммуникатсия
Ҷоизаи Нобелӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]СММ — барандаи Ҷоизаи Нобел (2001) мебошад. Ҷоизаро ташкилот ва шахсан Дабири куллӣ он Кофи Аннан байни худ тақсим намуданд. Дар соли 1988, нахустин маротиба барандаи ҷоизаи Нобелӣ оид ба сулҳ — Қудратҳои сулҳовари СММ буд.
Забонҳои расмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аъзоёни СММ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аъзоёни нахустини СММ 50 давлатро ташкил медод. Низомномаи СММ — дар конференсияи шаҳри Сан-Франциско 26 июни 1945 имзо шудааст. Дар давраи 1946—2002 СММ боз 140 давлатро ба узвият пазируфт. Дар ҳоли ҳозир СММ 192 давлатро дарбар мегирад.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://andesha.tj/node/423(пайванди дастнорас)
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи расмии СММ ба забони русӣ
- расмии намояндагии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 10 сентябри 2019 сол.
- Маълумоти умумӣ ба забони русӣ
- Давлатҳои узви СММ ба забони русӣ
- Хабар ба забони русӣ
Созмони Милали Муттаҳид (СММ) | |
---|---|
Созмони Милали Муттаҳид: | Маҷмаи умумӣ • Шӯрои амният • Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ • Даберикул • Шӯрои умано • Додгоҳи адолати байнулмилал |
Барномаҳо, Манобеи молӣ, Ажансҳо: | UNCTAD • UNDCP • UNDP • UNEP • ЮНЕСКО • UNFPA • UNHCR • UN-HABITAT • ЮНИСЕФ • UNRWA • WFP • СҶБ |
United Nations resolutions: | General Assembly • Security Council |
Membership: | Member states • Observers |