Jump to content

Размпардоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Размпардоз
Сардӯшии Нерӯи заминӣ Сардӯшии Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: رزم‌پرداز‎
Кишвар  Tajikistan
Бунёдшуда 12 январ 1981
Дараҷаи болотар Размсоз
Дараҷаи пойинтар Размозмо
Ҳамто

Размпардоз (форсӣ: رزم‌پرداز‎‎) — дараҷае афсарёрӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз размозмо ва пойинтар аз размсоз дорад ва баробар бо новдор дувум дар нерӯи дарёӣ аст; прапоршик[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Размозмо

Размпардоз
Дараҷаи болотар:
Размсоз

Размсозон дар нерӯҳои мусаллаҳи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дараҷае болотар аз размоварон ва пойинтар аз таҳмдорон доранд ва ёварони афсарон ҳастанд, ба ин далел «афсарёр» номида мешаванд.

Размсозон маъмулан симати меҳтари вашт ва масъулияти омодасозии сарбозону размафзору ҷангафзорҳоро бар уҳда доранд. Меҳтар мақомест расмӣ дар ҳар вашт (оташбор) аз нерӯҳои мусаллаҳ, ки созмондиҳандаи мустақими назму тартибот дар маҳалли истиқрори вашт ва сардори мустақими размоварону сарбозони ягони худ аст. Ҳамчунин размсозон кормандони «омодгоҳ» ҳастанд, ки он созмоне дар артиш аст, ки масъули фароҳамсозӣ, нигаҳдорӣ ва таҳвили хӯроку пӯшоку ҷангафзорҳои мавриди ниёзи ягонҳо ва маҳалли анҷоми хадамоти пуштибони фаннии нерӯҳо аст[2].

«Размпардоз» аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии он исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + асоси замони ҳозираи феъли «пардохтан» (пардоз) аст. Дар сохти ин вожа аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст:

разм (порсии миёна: razm < порсии бостон: *razma-рада” < эронии бостон: *raźman-ороиши ҷангӣ” аз √*raź-оростан; тартиб додан, идора кардан[3]) + пардоз (порсии миёна: pardāz : pardāxtanпардохтан, анҷом додан’ < порсии бостон: *para-tāča- < √*tak-тохтан[4]).

Ин вожаро Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Тафсири Ҳусайнӣ» ба маънои «разманда, ҷанговар» овардааст:

Зи як ҷониб гурӯҳе размпардоз,
Зи дигар сӯй ҷамъе дар таку тоз.
Дар уфтоданд ҳамчун шери ғуррон,
Ба гурзу найзаву шамшери буррон[5].

Прапоршикҳо маъмулан кормандони омод ва корпардозони омодгоҳ ҳастанд ва омодасозии сарбозону размафзору ҷангафзорҳо бар уҳдаи онҳост. Аз ин рӯ, «размпардоз» дар қиёс бо «корпардоз» ба маънои «размпардозанда; яъне корпардозе, ки сарбозону размафзорҳоро барои ҷанг омода мекунад» баробар бо прапоршик гирифта шуда, ки мақоми созмонии онҳоро дар силсиламаротиби низомӣ бозтоб медиҳад.

«Размпардоз» барои ҷойгузинии дараҷаи низомии «прапоршик» ба Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[6].

Номи ин дараҷа дар бисёре аз артишҳо бо «дирафш» пайванд дорад. Чунончи, ин дараҷа дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия «прапорщик» (аз русӣ: пра́поръ), Лаҳистон «хорунжий» (лаҳӣ: chorąży аз chorągiew), кишварҳои Югословии пешин «заставник» (аз сербӣ: застава), Бритониё «ensign», Фаронса «enseigne» (англ. ensign, фр. enseigneлот. insignia) ва Олмон «Fähnrich» (аз олмонӣ: Fähn) номида мешавад, ки маънояшон «парчамдор» (форсӣ: پرچمدار‎) аст[7]. Дар артишҳои қадим парчамдор сарбозе буд, ки пешопеши ягони низомӣ парчами онро мебурд. «Прапорщик» дақиқан ҳамин «парчамдор» аст, ки онро «дирафшдор» ҳам мегӯянд[8].

Дар сипоҳи Ҳахоманишиён ҳар ҳазора ё ҳанг барои худ парчаме дошт[9], ки ба порсии бостон: «drafša-» (аз эронии бостон: «*drafša-» > порсии миёна: «drafš»[4]) номида мешуд[10]. Дар сипоҳи Ашкониён ва Сосониён ҳангро дирафш ва фармондеҳонашонро дирафшсолор меномиданд[11], ки дараҷае сардорӣ ва баробар бо сарҳанг буд.

Артиши Шуравӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар солҳои 1917 — 1946 дар Артиши Сурх ва сипас то соли 1972 дар Артиши Шуравӣ дараҷаи прапорщик ё баробар бо он вуҷуд надошт. Ин дараҷа дар Нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ аз 1 январи соли 1972 бо Фармони Президиуми Шурои Олии ИҶШС аз 18 ноябри соли 1971, ҳамзамон бо сардӯшии нави дараҷаи мичман, ҷорӣ карда шуд[12].

Бо Фармони Президиуми Шурои Олии ИҶШС аз 24 декабри соли 1980 N 3606-X дар Артиши Шуравӣ, ягонҳои соҳилӣ ва ҳавопаймоии Нерӯи дарёӣ, нерӯҳои марзбонӣ ва дохилии Нерӯҳои мусаллаҳи ИҶШС дараҷаи низомии прапоршики калон ва ҳамзамон дар Нерӯи дарёии Иттиҳоди Шуравӣ дараҷаи мичмани калон ҷорӣ карда шуданд.

Ин дараҷаҳоро барои низомиёне дар назар гирифта буданд, ки хидмати вазифаи низомиро анҷом додаву дараҷаи размоварӣ ё сержантиро дарёфт карда буданд ва довталабона хидматашонро дар нерӯҳои мусаллаҳ идома медоданд. Онҳо таҳсилоти тахассусии низомӣ надоштанд то дараҷаи афсарӣ дарёфт кунанд, аммо рутбаашон болотар аз сержантҳо буду бар старшинаву сержанту сарбозҳо бартарӣ доштанд. Бино бар ин, онҳоро афсарёр, яъне ёвари афсарҳо, меномиданд. Прапоршикҳо дар Артиши Шуравӣ бештар вазифаҳои фанниву омод (снабжение) ва анбордориро анҷом медоданд ва симат ё мақоми фармондеҳӣ надоштанд. Дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳануз ҳамин мақомро доранд.

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
  2. Фарҳангномаи форсӣ: вожагон ва аълом. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1388. — 3 ҷилд. — ҷ. 1, с.91. ISBN: 978-964-8637-92-2
  3. Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: «Восточная литература», 2020. — Т. 6 (p—r̥). — С. 436. — 463 с. — 500 экз. — ISBN 5-02-018124-2; ISBN 978-5-02-039863-4 (в пер.).
  4. 4.0 4.1 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6.
  5. Кошифӣ, Ҳусайн Воъиз. ал-Мавоҳибу-л-'Алийя. — дастнавис ба хатти форсӣ №7807-5. — С. 132.
  6. Умед Ҷайҳонӣ: Агар раисҷумҳур тасмим гираду дастур диҳад, рутбаҳои низомӣ бечунучаро миллӣ мешаванд(тоҷ.) (23 February 2022).
  7. Фарҳанги муъосири форсӣ (якҷилдӣ). Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. – Теҳрон: Фарҳанги муъосир, 1381. с. 282. ISBN 978-964-5545-68-8.
  8. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2, с. 80.
  9. E. Pottier, Douris, London, 1909, p. 105 fig. 20, Plate XXV.b
  10. Арсеньев Ю. В. О геральдических знаменах. СПб, 1911, с. 5-6. Цит. по: Дмитриев С. В. Знаменный комплекс в военно-политической культуре средневековых кочевников Центральной Азии (некоторые вопросы терминологии и морфологии)
  11. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7
  12. СВЭ, 1978, С. 498−499.